Обилаи маймун. Тоҷикистон чӣ чора андешид?
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз шуюъи бемории нави сироятӣ ҳушдор медиҳад, ки боиси марги садҳо нафар дар Ҷумҳурии Демократии Конго шудааст. Ин беморӣ “обилаи эм” ном дошта, як навъ аз бемории обилаи маймун аст. Феълан, гирифторони ин беморӣ дар Аврупо низ ба қайд гирифта шудаанд.
Нигаронии СУТ
Cозмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бо нашри як изҳорот аз ширкатҳои дорусозӣ хост, ки истеҳсоли ваксина ба зидди ин бемориро афзоиш диҳанд.
Маргарет Ҳаррис, сухангӯи СУТ дар суҳбат ба Reuters гуфт, ки бемории мазкур махсусан барои онҳое хатарнок аст, ки масунияти бадани суст доранд, аз ҷумла гирифторони вируси норасоии масунияти бадан ва ҳам кӯдакони хурд ва афроде, ки ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд.
То ба имрӯз дар Конго аз бемории мазкур наздик ба 800 нафар фавтидаанд. Дар Нигерия бошад, қариб 100 ҳолати сироят ба обилаи маймун ба қайд гирифта шудааст. Дар Бурундӣ, Кения, Руанда ва Уганда ҳам беморӣ сабт шудааст.
Дар Аврупо сабт шудани ҳолати гирифторӣ ба обилаи маймун феълан ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст. Аввалин мавриди сироят ба ин беморӣ дар Шветсия рӯзи панҷшанбе, 15-уми август ба қайд гирифта шуд. Дар Покистон низ мавридҳои гирифторӣ ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст.
Феълан мақомоти беҳдоштии кишварҳои аврупоӣ бо ин беморӣ мубориза мебаранд. Мақомоти Чин ҳам эълон кардааст, ки барои мубориза бо ин беморӣ чора меандешад.
Тоҷикистон чӣ чора дид?
Мақомоти Тоҷикистон ҳам барои пешгирии ин беморӣ чора андешидаанд. Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои гирифторӣ ба бемории “Обилаи маймун” мусофиронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе месанҷанд. Бахусус онҳоеро, ки аз Африқову Аврупо меоянд.
Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ки барои муайян кардани ин навъи беморӣ тест дастрас нест, “аммо нишонаҳои он мушаххас буда, бо азназаргузаронӣ мушоҳида мешаванд”.
Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, то ба имрӯз дар Тоҷикистон мавриди гирифторӣ ба “обилаи маймун” сабт нашудааст.
“Обилаи маймун” чӣ беморист?
Ин бемории сироятӣ бо номҳои “Мрох” ё “Обилаи эм” ҳам маъмул аст. Онро вирусе бармеангезад, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, вале дар сурати иртиботи наздик аз инсон ба инсон ҳам мегузарад. Таби баланд, дарди мушакҳо ва обилаҳои калон дар рӯи пӯст аз аломатҳои ин беморӣ ҳастанд.
“Mpox” ё обилаи маймун одатан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳале) ба шумор мерафт. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.
Феълан дар ҷаҳон ба зиёда аз 14 ҳазор нафар аз “обилаи маймун” сироят ёфта, беш аз 500 нафар фавтидаанд.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ