Обу ҳаво: боз тӯфони чангу ғубор, ҳавои номусоид ва хатари сел

Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июл кишварро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.
“Ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст”, — хабар медиҳад манбаъ.
Ғайр аз ин, огоҳ мекунад КҲФ, рӯзҳои 18-19 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Кумита бо муроҷиат ба аҳолӣ боисрор аз онҳо дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамаи тадбирҳои эҳтиётро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *