«Обу корези Душанбе» собиқадоронро қадрдонӣ кард

Дар корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар арафаи ҷашну идҳои давлатӣ ва миллӣ арҷгузории  заҳмату меҳнати собиқадорони ҷангу меҳнат дар баробари коргарони пешқадами соҳа ба ҳукми анъана даромадааст.

Чунин ҷамъомади хотирмонро  роҳбарият ва иттифоқи касабаи корхона (раис Давлатова Шаҳло) дар арафаи таҷлили санаи 72-солагии  ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) баргузор карданд. Директори  КВД «Обу корези Душанбе»  Мирзомурод  Убайдов собиқадорони ҷангу меҳнат Холмаҳмад Охунов, Мелик Тағоев ва Назирмад Абдулҳақовро аз номи роҳбарият ва коллективи корхона самимона шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат ва дар тарбияи насли наврас комёбиҳо таманно намуд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард. Таъкид шуд, ки корнамоию далерии бобоён ва меҳнати созандаи собиқадорони корхона ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Дар акс:  собиқадори ҷанг Холмаҳмад Охунов барои таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон азиз дасти дуо мебардорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *