Қочоқи зағири қиргизӣ ба даст афтод

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зидди як шаҳрванди кишвар барои қочоқи 20 тонна зағир аз қаламрави Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук рӯзи 15-уми июн хабар дод, ки ҳангоми муоинаи гумрукии анбори корхонаи собиқи истеҳсоли гаҷ дар ноҳияи Исфара “аз дохили анбор 440 халта, ҷамъ 20 ҳазор кило зағири истеҳсоли Қазоқистон дарёфт ва мусодира гардид”.

Ба гуфтаи Хадамоти гумрук, моли мазкур ба шаҳрванди Тоҷикистон Д.А. тааллуқ дошта ва номбурда ин миқдор зағирро бидуни назорати гумрукӣ ва ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид кардааст. Ба гуфтаи мақомот, арзиши моли қочоқӣ 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва айни замон парвандаи ҷиноии муттаҳам ба қочоқ дар додситонӣ тафтиш мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *