Огоҳӣ, ҳаво аз 7 октябр хунук мешавад

Сар аз 7 — уми октябр ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон майли сардшавӣ мекунад ва эҳтимол ҳосилоти ноғундошта дар заминро сармо занад.

Агентии обуҳавошиносии хабар додааст, ки ҳавои Тоҷикистон сар аз 7 — уми октябр сард мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳии хоҷагии қишлоқ, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

Агентӣ ҳушдор медиҳад, ки ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавоти ноғундошта мегардад.

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ таъйид намудааст, ки сардиҳои аввалин ба ҳосили саҳро таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки аҳолӣ сари вақт ҳосили расидаи кишоварзиро ҷамъоварӣ намуда, зироати норасидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ бо пардаи полимерӣ, пахол ва ё маводи бетору пуд бипӯшонанд.

Гузашта за ин, кумита аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват намудааст, ки зимни чаронидани чорво дар чарогоҳ боэҳтиёт бошанд.
КҲФ ҳушдор медиҳад, ки бориш, яхбандӣ ва сармо метавонанд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ халал расонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *