Физики машҳури тоҷик Тошбой Бобоев аз олам даргузашт
Субҳи имрӯз, 18-уми август олими шинохтаи соҳаи физика ва метаметика, профессор Тошбой Бобоев аз олам даргузашт.
Тавре наздикони марҳум ба Pressa.tj хабар доданд, номбурда дар бемористони «Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар синни 78-солагӣ дунёро падруд гуфт. Маросими видоъ имрӯз, 18-уми август, соати 11:00 дар мазори “Лучоб”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Тошбой Бобоев 20 декабри 1942, дар оилаи омӯзгор ва собиқадори маорифи ҶШС Тоҷикистон Бобо Раҳимов, дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Ӯ соли 1963 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва соли 1968 шуъбаи аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС-ро хатм кардааст. Тошбой Бобоев соли 1970 рисолаи номзадӣ ва соли 1992 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони дотсентӣ ва соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ гардид.
Тошбой Бобоев дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1963), ходими хурди илмӣ (1969), ходими калони илмӣ (1972), сардори бахши илмӣ-таҳқиқотии УДТ (1974), мудири кафедраи физикаи умумӣ (1978; 1991—2010) ва дотсент (1989) кор кардааст.
Профессор Бобоев Тошбой Бобоев яке аз асосгузорони равияи ҷадиди илм — «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Тошбой Бобоев машғули тадқиқотҳоест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри Тифлис (Гурҷистон) ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти Сургут (Россия) мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Тошбой Бобоев тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд.
Дар ин самт ӯ мутахассисони зиёдеро табия намуда, зери роҳбариаш Дадоматов Ҳ.Д., Ҷонов Ё. М., Усмонов Ғ.А. ва Истамов Ф. Х. рисолаи номзадӣ ва Шерматов Д. рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд.
Тошбой Бобоев бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», Ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Хизмати шоиста» ва Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
қадрдонӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ