Олимон нахустин акси штамми “Омикрон”-ро паҳн карданд

Кормандони Донишгоҳи Гонконг акси хурди штамми коронавируси “Омикрон”-ро, ки бо ёрии заррабини электронӣ тасвир шудааст, оммавӣ карданд.

Ду расм ба нашр расидааст. Дар як акс ҳуҷайраҳоеро дидан мумкин аст, ки дар онҳо зарраҳои вирусӣ вуҷуд доранд. Дар акси дигар бошад, зарраҳои вирусӣ бо пайвандҳо ба мушоҳида мерасанд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки “Омикрон” дар 57 давлат маълум гардидааст. Аввалин ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин навъи коронавирус дар Русия муайян карда шудааст. Мутахассисон сатҳи баланди паҳншавии “Омикрон”-ро зикр мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *