Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҳаракати олимпӣ
Дар истироҳатгоњи Ќаратоѓи шаҳри Турсунзода даври нињоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳаракати олимпї баргузор гардид. Дар он ѓолибон ва љоизадорони даврҳои дуюм ва сеюми олимпиада — дастаҳои вилояти Суѓд, минтаќаҳои Кӯлобу Ќӯрѓонтеппаи вилояти Хатлон, ВМКБ ва 3 дастаи ноњияи тобеи марказ ќувваозмої намуданд.
Бинобар иттилои Дилрабои Одилхоҷа, котиби матбуотии Академияи олимпӣ барномаи даври ниҳоии олимпиада аз тестонї ва 3 навъи варзиш иборат буд. Дар тестонї, ки аз 150 саволро доир ба таърихи ҳаракати олимпї ва варзиш аксари љавонписарону љавондухтарон дониши хуб нишон доданд. Нишондододњои бењтаринро инњо ноил гардиданд. Аз минтақаи Кӯлоб ҷойҳои 1-умро байни духтарон бо 116 ҷавоби дуруст Саидаи Шералӣ, миёни писарон Диловари Ҳисайн бо 126 ҷавоби дуруст касб карданд.
Дар мусобиқаҳои варзишии давидан ба масофаи 100 метр, бардоштани тан байни писарон ва бардоштани вазни бадан аз курсӣ байни духтарон, ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой низ ғолибон муайян шуданд. Дар давидан ба масофаи 100 метр байни ҷавонписарон ҷойи 1-умро Ю. Бекмуродов ва байни духтарон М. Муллоҷонова (ҳар ду аз вилояти Суғд), дар мусобиқаи ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой байни писарон С. Шарипов ва миёни духтарон С. Зарипова (ҳарду аз ноҳияи Рӯдакӣ) сазовори ҷойҳои якум шуданд. Дар бардоштани тан аз фарш У. Нурматов аз вилояти Суғд ва дар мусобиқаи бардоштани вазни бадан аз курсӣ И. Раҷабова аз минтақаи Кӯлоб мақоми аввалро ишғол карданд.
Аз рӯи ҷамъбасти холҳои тестонӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ Ашраф Содиқов ва Идимоҳ Раҷабова ғолибони мутлақи олимиада эътироф гардиданд.
Иштирокчиёни фаъоли олимпиада ва намояндагоне, ки дастањоро дар сатҳи касбӣ омода намуданд, бо ифтихорномаю мукофотњои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон арҷгузорӣ шуданд.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ