Олмон: Ҳайати иқтисодии Тоҷикистон дар қароргоҳи “Airbus” вохӯрӣ гузарониданд
Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилаи вохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тавҳидбонк” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ танзим шуда истодаанд.
Бино ба иттилои сафорат, ниҳодҳои бонкӣ ва ширкати ҳавонавардии ватанӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов нахуст дар Форуми иқтисодии Наврӯз дар Ҳамбург иштирок карда, дар ҳошияи он бо шарикони олмонӣ роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф табодули афкор анҷом додаанд.
Ҳайати тоҷикистонӣ дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH” бо раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки “Airbus” яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои мусофирбар, боркаш ва низомӣ дар ҷаҳон буда, корхонаи марказии истеҳсолии он дар шаҳри Тулузаи Фаронса ҷойгир мебошад. Дар “Airbus” ҳудуди 133 ҳазор нафар кор мекунанд, ки аз ин шумора 12500 нафар ба Ҳамбург рост меояд.
— Бояд қайд кард, ки ҳадафи вохӯриҳои ҳайати тоҷикистонӣ бо ашхоси расмии мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ қабл аз ҳама шиносоӣ бо бозори дохилии Олмон ва роҳандозии робитаҳои мустақими корӣ маҳсуб меёбад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ