Омӯзгори тоҷик «Беҳтарин омӯзгори ИДМ дар соли 2023» шуд
Омӯзгори тоҷик Асҳобиддини Шералӣ унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023»-ро соҳиб шуд.
Номбурда айни замон директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» низ мебошад.
Унвони мазкур ба Асҳобиддини Шералӣ барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимию тарбиявӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ