“Омикрон” ба ҳуҷум мегузарад, 23 кишвар дар тасарруфи ӯ….
Штамми «омикрон» дар 23 кишвари ҷаҳон ошкор шудааст, хабар дод робари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус.
«Ҳадди ақал 23 кишвар дар панҷ минтақаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ошкор шудани як штамми нав хабар доданд. Ва мо бовар дорем, ки шумори онҳо афзоиш хоҳад ёфт», — изҳор дошт ӯ зимни як ҷаласа.
Дар ҳамин ҳол, Мария Ван Керхове, роҳбари гурӯҳи техникии шӯъбаи бемориҳои изтирории СҶБ гуфт, маълумоти бештар дар бораи сирояти «омикрон» дар рӯзҳои наздик пайдо хоҳад шуд.
«Мо ҳоло фаҳмида истодаем, ки ин навъи нав чӣ гуна аст. Мо маълумоти пурра надорем, аммо эҳтимол дорад, ки он зудтар паҳн шавад», — пешгӯӣ намуд Мария.
Ба гуфтаи вай, СҶБ ҳоло якчанд сенарияи рушди пандемияро баррасӣ мекунад.
Яке аз онҳо ин аст, ки штамми нав нисбат ба навъи «делта» эҳтимол зудтар паҳн шавад.
Дар Тоҷикистон ҳоло вазъият дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус ором аст ва бахши тандурустӣ давоми чанд ҳафта ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандонро ошкор накардаанд.
Аммо Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи «омикрон» дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ