«Омикрон» ба Русия омада расид. Ба Тоҷикистон кай меояд?

Ду сайёҳи рус, ки аз Африқои Ҷанубӣ парвоз карда омада буданд, гирифтори штамми омикронии коронавирус будаанд. Дар ин бора дар Роспотребнадзор хабар додаанд, хабар медиҳад ТАСС. Ин аввалин ҳолати расман тасдиқшудаи штамми нав дар Русия мебошанд.

Роспотребнадзор тавзеҳ дод, ки бемороне ки қаблан аз санҷиши PCR гузаштаанд, натиҷаи он низ мусбат буд. Аммо, дар аввал, номи он штамм коронавирус, ки сайёҳон гирифтор шуда буданд, маълум набуд.

Таври маълум, чун ин штамм вориди Русия шуд, омадани он ба Тоҷикистон низ аз имкон берун нест, зеро равуои байни ду кишвар босуръат пеш меравад ва ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар он ҷо қарор доранд.

Тавре олимон мегуянд, ин штамми нави коронавирус аз «Делта» ва дигар намудҳои қаблии ин намуди беморӣ сабуктар мегузарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *