«Омикрон» дар Ӯзбекистон ҳам муайян карда шуд (аудио)

Аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ба Kun.uz хабар додаанд, ки дар як нафар шаҳрванди хориҷии ба ин кишвар воридгардида штамми нави бемории COVID-19 — “омикрон” муайян карда шудааст.

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ қайд карда шудааст, ки сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар ин кишвар афзоиш ёфта, минбаъд низ андешидани чораҳои зарурӣ алайҳи ин беморӣ зарур аст.

Қарори комиссия назоратро аз болои пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, масофаи иҷтимоӣ ва риояи қатъии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ пурзӯр мекунад. Ҳамзамон, риояи қатъии амалияи пӯшидани ниқоб, риояи масофаи иҷтимоӣ, санҷидани ҳарорати бадан дар даромадгоҳҳои ташкилоту корхонаву муассисаҳо, марказҳои бузурги савдо, супермаркетҳо ва муассисаҳои фароғатӣ таъмин карда мешавад.

Вазорати тандурустӣ, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ва Кумитаи дин ба мувофиқа расидаанд, ки барои шаҳрвандон пас аз бозгашташон аз ҳаҷи умра ташхиси коронавирус ташкил кунанд.

Ёдовар мешавем, ки штамми “омикрон” дар Африқои Ҷанубӣ моҳи ноябри соли 2021 пайдо шуда, баъдан ба кишварҳои Аврупо ва Осиё паҳн гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *