“Омикрон” дар 110 кишвари ҷаҳон муайян шудааст
Паҳншавии босуръати штамми нави коронавирус “Омикрон” дар 110 кишвари ҷаҳон ба мушоҳида расидааст. Дар ин бора дар иттилоияи пахшкардаи сомонаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфта шудааст.
Бино ба иттилои созмони мазкур, таҳқиқи навъи нави COVID-19 барои ба даст овардани маълумоти васеъ дар бораи он идома дорад. Коршиносони СҶТ таъкид кардаанд, ки бартарии “Омикрон” нисбат ба штамми “Делта” аз ҷиҳати суръати сироят аллакай маълум аст.
Қаблан президенти ИМА Ҷо Байден гуфта буд, ки штамми нави “Омикрон” дар Иёлоти Муттаҳида бартарият пайдо кардааст. Ӯ аз шаҳрвандони кишвараш даъват кард, ки ваксина бигиранд ва таъкид намуд, ки дар сурати ваксина нагирифтан хатари бистарӣ шудан ва ҳатто фавт бар асари авҷгирии бемории коронавирус вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ