Омилҳои аз кор мондани корхонаҳо дар Тоҷикистон аз забони Шералӣ Кабир
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон теъдоди корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро гуфт.
Ӯ имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз 92 корхонаи аз фаъолият бозмонда 58,7% ба корхонаҳое, ки аз соли 2008 то соли 2018 ва 41,3% аз соли 2019 то соли 2022 фаъолият накардаанд, рост меояд.
“Корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва пилла, соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, саноати ангишт ва маъданҳои куҳӣ ба қайд гирифта шудаанд”, — гуфт вазир.
Шералӣ Кабир сабабҳои асосии муваққатан фаъолият накардани корхонаҳоро ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидани корхонаҳо, аз ҷумҳурӣ рафтани соҳибмулкони корхонаҳо дар давоми паҳншавии бемории сироятии коронавирус арзёбӣ кард.
Номбурда гуфт, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолӣ низ сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳо шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ