Омори бемантиқ ва ё вазорат чапароста мебинад?
ОМОРИ БЕМАНТИҚИ ВАЗОРАТ: ДАР ЯК РӮЗ 32 КАС БЕМОР ШУД, ТО ШОМ ФАҚАТ 16 БЕМОР МОНД
Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 1 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 32 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 44 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.
Бар асоси омори вазорат, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 1 сентябр дар кишвар 16 884 нафар ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 742 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.
Аз арқоми расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 1 сентябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористон ҳамагӣ … 16 бемори коронавирус таҳти табобат қарор доштанд.
Ин ҳатто камтар аз 32 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус аст, ки танҳо дар давоми рӯзи 1 сентябр ошкор шудаанд.
Бовар кардан ба инки нисфи ин беморон дар байни ҳамагӣ чанд соат шифо ёфта бошанд, амри муҳол аст. Қарори маълум, табобати коронавирус дастикам ду ҳафта ва дар ҳолатҳои вазнин муҳлати хеле зиёдтарро талаб мекунад. Дар ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудааст ва пурсида мешавад, ки ин 600 бемор куҷо шуданд, ки шоми 1 сентябр танҳо 16 нафар таҳти табобат боқӣ мондааст?
Мунтақидон бар инанд, ки вазорат дигарбора роҳи пинҳон кардани вазъияти воқеиро пеш гирифтааст ва бо нашри рақамҳои бемантиқ мехоҳад дар арафаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ҳисобот диҳад, ки коронавирус дар ин кишвар дигарбора маҳв карда шуд.
Табибон ва сокинон мегӯянд, ҳарчанд миқёси паҳншавии коронавирус дар муқоиса бо моҳҳои июну июл коҳиш ёфт, табл задан аз пурра нест шудани он пеш аз вақт аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ