Онҳо интизори як ишораанд…

фақат як ишора кофист, ки ҳамаи ин мардум ба марз равад ва ба ивази ҷонаш ҳар зарраи хоки ватанро ҳимоя кунад. Вале мо ҷонибдори сулҳ ва оромием

Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши шаби гузаштаи сокинонро расман шарҳ дод.
Шаби гузашта дар ноҳия як гурӯҳ сокинон дар пайи даргириҳои марзӣ ҷамъ омдаанд.

Бино бар иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шаби 29 апрел гуруҳи бузурге аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар маркази ноҳия ва Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон гирди ҳам омаданд.

Онҳо ҳодисаи марзиро баррасӣ кардаву изҳори омодагӣ кардаанд, ки агар «мақомот иҷозат диҳанд, ба Исфара мераванд».
Раиси ноҳия Тоҳир Азиззода гуфтааст, ки «мардум ба хоҳиши худ ҷамъ омадаанд ва мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд».

«Онҳо интизори як ишора ҳастанд, бовар кунед фақат як ишора кофист, ки ҳамаи ин мардум ба марз равад ва ба ивази ҷонаш ҳар зарраи хоки ватанро ҳимоя кунад. Вале мо ҷонибдори сулҳ ва оромием», — таъкид кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои корбарони Фейсбук, чунин ҳамоишҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Кӯлоб ва Хуҷанд сурат гирифтаан «Садҳо нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри бостонии Хуҷанд бо амри дил баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар ин лаҳзаҳои ҳассос омодагии хешро изҳор медоранд», — навиштааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ҷонибдори ҳалли қазияи марзӣ бо роҳи осоишта ва сулҳомезанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *