Орд дар 10 рӯз 100 сомонӣ қиммат шуд
Нархи орд, яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон тайи 10 рӯзи охир якбора боло рафт. Ин боиси нигаронии сокинони кишвар шудааст.
Коршиносон мегӯянд, ки дар як ҳафта нархи орд 18% қиммат шудааст, ки давоми чанд соли охир бесобиқа аст.
Феълан дар бозорҳои кишвар як халта орди навъи якум 330-340 сомонӣ арзиш дорад. 10 рӯз пеш халтаи 50 кг 270 сомонӣ буд.
Садриддин Иброҳимов — сокини шаҳри Душанбе барои хариди орд ба бозори “Меҳргон” омадааст. Мегӯяд, ки барояш таъмини оилаи 6-нафара хеле душвор шудааст.
“Мо гӯшт намехӯрем, ғизои асосии мо орд аст. Наход дар як ҳафта нархи орд қариб 100 сомонӣ гарон шавад!? Мо аз куҷо шиками фарзандонамонро сер мекунем? Масъулин ба куҷо нигоҳ мекунанд?”,- мегӯяд ӯ.
Тоҷирон мегӯянд, ки сабаби гароншавии орд на ба онҳо, балки ба хориҷи кишвар вобаста аст.
“Айб дар мо нест, мо ҳам ордро харида мефурӯшем. Баъди ҷанги Русияву Украина ҳама чиз қиммат шуд”,- мегӯяд савдогари орд Ҳукмиддин.
Тоҷири дигар Исмоил низ сабаби болоравии нархи ордро омили берунӣ арзёбӣ намуд: “Нархи гандум дар Қазоқистон гарон шудааст. Айб дар ҳамин. Сабаби дигаре нест”.
Коршиносон сабаби дигари гаронии нархро ба номусоид омадани обу ҳаво рабт медиҳанд. Аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки бориши зиёд дар Қазоқистон ва дер ҷамъоварӣ кардани ҳосилу талаф ёфтани гандум боиси боло рафтани нархи он шудааст.
Масъулини хадамот мегӯянд, ки аз ҳисоби захираҳои моддии назди Ҳукумати Тоҷикистон чанд маротиба намоишгоҳ ташкил кардаанд, то нархҳо боло наравад. “Дар намоишгоҳи мо нархи як халта орд 260 сомонӣ буд”,- гуфт як масъули хадамот.
Ҳоло нархи як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 350 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки чаҳор моҳ пеш аз 240 то 260 доллар буд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳашт моҳи имсол аз ҷониби 61 ширкат ба Тоҷикистон зиёда аз 590 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.
Тоҷикистон наметавонад талаботи сокинонро аз ҳисоби кишти гандуми худӣ бароварда созад. Қаблан масъулони Вазорати кишоварзӣ гуфта буданд, ки талаботи солонаи сокинон ба орд тақрибан якуним миллион тонна аст ва барои истеҳсоли ин миқдор ғалла замини кишт надоранд.
Сокинон мехоҳанд, ки мақомот роҳи ҳалли ин мушкилро зудтар ёбанд.
Д. ҚОДИРПУР, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ