Орифи суханвар. Бахшида ба 70-солагии руҳонии шинохта Пирмуҳаммадзода
Худоё! Ҳеҷ гумон намекардам, ки чунин донишманду орифи беназир, фарди хайрхоҳу равшанзамир, шахсияти накӯному барӯманд, фарзанди худогоҳу банангу ори миллат, марди майдони шарафу ифтихор Махдуми Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба ин зудӣ моро тарк мегӯяд…
Ду рӯз қабл аз реҳлати ҷонгудозашон бо эшон дар маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан» ҳамроҳ будем. Чун ҳамеша бо ҳарорат, бо сеҳри сухан, бо қироати ашъори баланд ва таъбиру тафсири он толорро тасхир намуданд. Ғазалеро аз ғазалистони Лисонулғайб Ҳоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо овози буррову садои марғуладори худ, бо дарки баланди маъниву ҳикмати он, қироат намуда, маъниҳои қуръониву малакутии онро ба аҳли толор шарҳу тавзеҳу таъбир намуданд.
Шаб аз мутриб, ки дил хуш бод вайро,
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро…
Дар он маҳфили унс, ки бо ташаббуси фарзанди шуҳратёри миллат Бӯрӣ Карим ташкил шуда буд, бисёр донишмандону равшанфикрон, аз ҷумла сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷаноби оқои Муҳаммад Тақии Собирӣ ва шоири маъруфи Эрон Алиризо Қазва иштирок доштанд. Аз суханрониву ғазалхонии Махдуми Исмоил дар назди меҳмонони олиқадр ифтихор ва шукр кардем, ки Худованд чунин марди оқилу фарзонаро насиби миллати мо гардонидааст…
Бегоҳи ҳамон рӯз ин ҳайати меҳмонони иззатманд бо даъвати банда ба тамошои намоиши «Пайкари миллат» ба театри Лоҳутӣ ташриф оварданд.
Дар анҷоми тамошо меҳмонони ифтихорӣ ба рӯи саҳна баромада, бо самимият ва ихлоси бепоён доир ба намоиш ва ҳусну қубҳи он сухан ронда, қаҳрамонони асосии асарро бо туҳфаҳо (баргузидаи достонҳои «Шоҳнома» ва пайкараармуғони хурди Фирдавсӣ) сарфароз гардониданд. Чун он рӯз рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ буд, Махдуми Исмоил бо қироати шоҳбайтҳо аз шоҳасари назми ҷаҳонӣ — «Шоҳнома»-и безавол руҳи Ҳакими Тӯсиро шод гардонида, бо ҳикмату сеҳри гуфтори худ меҳмонон ва аҳли толорро ба ҳайрат гузоштанд.
Ҳамзамон аз он ки дар намоиши «Пайкари миллат» шеъре аз барномаи мавъизаҳои эшон дар мавзуи бузургӣ ва паҳнои ҷуғрофии забони дарӣ (шеъри Ибни Батута) истифода шуда буд, хеле изҳори шодиву қаноатмандӣ карданд ва бо арзи сипос муаллиф ва иҷрокунандаи нақшҳои асосии асар Ибодулло Машрабро марди қавл (бо таъбири русӣ «мужчина слова») номиданд. Зеро Ибодулло Машраб пеш аз таҳияи намоиш Ҳоҷӣ Исмоилро бо матни асар ошно сохта, барои чандин саҳнаҳо фикру мулоҳизаи эшонро пурсида буд. Истифодаи шеъри Ибни Батута пешниҳоди Махдум буд. Бинобар ин, Ҳоҷӣ Исмоил бо муҳаббат, бо лутфу зарофати ба худ хос иброз доштанд, ки “бо истифодаи ин шеър, шумо — аҳли эҷоди Театри Лоҳутӣ, маро қарздор кардед”. Баъдан ҳамон шеърро бо ҳассосияту ҳаяҷони хоса, бо ифтихори баланди миллӣ, бо садои қавию марғуладори хеш басо ҷолибу мутантан қироат намуданд:
Дарӣ андар Хуросон парвариш ёфт,
Ки будӣ то ба Чин Шарқу шимолаш.
Дарӣ ин лаҳҷаи аҳли Хуросон,
Ҳаметобид ҳуросо ҷамолаш…
Тамошогарон дар толор ва мо ҳамаи иштирокчиёни намоиш дар саҳна моту мафтуни Ҳазрати Махдум ва сеҳри сухани ӯ гашта будем…
Шомгоҳон ба ман занг зада, бо хоксорӣ пурсиданд, ки «оё ман имрӯз дар саҳна зиёдравию пургӯӣ накардам?!». Банда дар посух гуфтам, ки ҳазрат, шеърхониву суханрониҳои ширину пурҳикмати шумо арзиши як намоиши мукаммали театрро дошт. Магар кафкӯбиҳои пурмавҷу нидоҳои пурсурури аҳли толор далели он набуданд?! Сипас, ҳазрат бо лутфу хушнудӣ гуфтанд, ки “ман бо сафири Эрон мувофиқа кардам, рӯзе меҳмони хонаи ман мешавед. Як базми шеъру ғазал меороем…”. Афсӯсу сад дареғ, ки ҳазрати Махдум, он ровию суханвари беҳамто, он азизтарин меҳмон ва ҳусну зебоии маҳфилҳои фарҳангу адаб худ ба меҳмонии Худо рафт…
Имрӯз дар базму маҳфилҳои аҳли дил, аҳли зиё ҷойи ӯ холист, бе ӯ ҳусну зебоии маҳофил коста гаштааст. Суханони оташину мавъизаҳои ҳикматбори ӯро дар маҳфилҳои эҷодии аҳли адаб, аҳли фарҳангу ҳунар дар маросими ҷанозаҳои бузургмардони миллат, аз ҷумлаи устодон Одина Ҳошим, Ашӯр Сафар, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Зафар Нозим, Ҳусейн Насриддин, Мӯъмин Қаноат, Гулназар, Саидалӣ Маъмур ва ғайраҳо шунидаему ба бузургиву истеъдоди худододаш тан додаем. Солҳои охир танҳо ҳамин мавъизаю сӯгвориҳои ҳазрати Махдуми Исмоил баёнгари қадру қимати аҳли илму ҳунар, аҳли фарҳангу адаб, баёнгари хизматҳои шоёну бедареғ ва ҷойгоҳу мақоми он азизон дар роҳи душвори илму эҷод буданд…
Ҳазрати Махдум ба маънии томаш махдум буданд. Дар роҳи фазлу адаб, дар роҳи ислому шариат, дар роҳи худшиносиву Худошиносӣ, дар роҳи одаму одамият ва шарафу ифтихори инсонӣ бедареғ, бо тамоми ҳастияшон, нерӯву қувваи ҷисмонияшон хидмат мекарданд.
Рӯҳашон шод бод!
Ортиқ ҚОДИР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ