Осиёи Марказӣ мизбони Ҷоми Осиё 2031 мешавад?

Рустами Эмомалӣ — Президенти CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) зимни суханронии худ дар Душанбе иброз намуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дархости муштарак хоҳанд дод. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад.  

«Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки ҳоло ин вақт фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард. Мо тасмим гирифтем, ки барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дар Осиёи Марказӣ дархости муштарак пешниҳод кунем»,- гуфт президенти CAFA Рустами Эмомалӣ.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ин иқдомро пуштибрнӣ карда, изҳор намуд, ки ин минтақа барои баргузории чемпионати Осиё байни тимҳои миллӣ шоиста аст.

Илова мекунем, ки Ҷоми Осиё мусобиқаи асосии дастаҳои мунтахаби футболи Осиё мебошад, ки таҳти роҳбарии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳар чор сол баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *