Оташбас дар Қарабоғ , оё он сулҳ меорад?
Дар Маскав бо даъвати президент Путин байни вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон дар масъалаи оташбаси байни ду кишвар гуфтушунид баргузор гардид. Музокирот 10 соат идома кард, ки дар натиҷа ҷонибҳои муноқиша дар бораи бас кардани оташ ва табодули асирони низомӣ ба мувофиқа расиданд. Созишномаҳои оташбасро дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки дар Маскав байни Ереван ва Боку ҳосил шуданд, ҳарчанд сулҳ гуфтан мумкин нест, аммо он яхеро дар масъалаи гуфтушунид мавҷуд буд, шикаст. Ин имкон медиҳад,ки дар майдони ҳаруб зарб андаке оромӣ пайдо шавад ва тарафҳои даргир асирон ва мурдаҳои худро табодул кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ