Қотили Маликаю Сабина Араловаҳо дастгир шуд!
Имрӯз сармуҳаррири рӯзномаи « Имрӯз –News» дар саҳифаи худ дар сомонаи фесбук навиштааст,ки қотилони Маликаю Сабина Араловаҳо билохира дастгир шуданд:
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як гуруҳи муташаккили ҷиноятиеро бо сардории ҷавонзане бо номи Матлуба Ахмедова ошкор ва боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи Сабина ва Малика Араловаи 5-сола – апаву хоҳаре, ки моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.
Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи боздошти аъзои ин гуруҳи кӯдакрабоянда (Матлуба Ахмедова — сардор), духтур (Ғиёсов-корманди беморхонаи Қарияи боло) ва таксист (шахсияташ зикр нашуд) гуфт, айни замон тафтиши ин ҳодисаҳо идома дошта фарзияҳои тафтиш то ба қазияи Осия ва Араловаҳо тӯл мекашад.
Бино ба маълумоти манбаъи рӯзнома, ҳар се аъзои ин гуруҳ замоне боздошт шуданд, ки як духтарчаи 7-соларо медуздиданд. Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе 20 – уми июли соли равон, дар атрофи Маркази савдои “Садбарг” дақиқан дар ҳамон мавзеъе рӯй додааст, ки Араловаҳо ва баъдтар Осия гум шуданд. Ф.Б-и 7-сола ҳамсояи Осияву Араловаҳо ва мисли онҳо яккафарзанд будааст. Кӯдаки дуздидашуда баъди ҳамагӣ 20 дақиқа озод карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст.
Ҳангоми кофтуков аз манзили ба иҷорагирифтаи ин гуруҳ дар маҳаллаи Зарафшони ш. Душанбе асбобу олоти ҷарроҳикунӣ, сӯзандорову ҳабҳои мадҳушкунанда (Феназепам, Диазепам) ва ҳатто либосҳои кӯдакона пайдо шудаанд. Аз дохили мошине ҳам, ки Ф.Б.-и ноболиғ бо он бурда мешуд, сӯзандорӯи омодашуда пайдо гардидааст, ки бо моеъи мадҳушкунанда пур карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол Сардори Дафтари Матбуотии ВКД Ҷалолиддин Садриддинов дар иртибот бо хабарнигори « Tajikistan times.tj» ин ахборро бардурӯғхонда гуфт,ки ин маълумот ягон асос надорад. Ва то ҳол на Араловаҳо пайдо гардидаву на гурӯҳи ҷинояткорони кӯдакрабо дастгир нашудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ