Қотили Нозима 10 сол мегирад?
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдулқосим Норматов, муттаҳами асосӣ дар қатли Нозима, сокини17-солаи шаҳри Турсунзода то 10 соли зиндонро талаб карда, барои Раҳимҷон Комилов, ки замони ҷиноят Абдулқосимро ҳамроҳӣ мекардааст, 22 соли зиндон талаб намуд.
Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 26-уми апрел дар суди Олӣ далели талаби то 10 соли зиндонро барои Абдулқосим Норматов ба ноболиғ будани ӯ ҳангоми ҷиноят рабт дода, илова намуд, ки шарикаш Раҳимҷон Комилов 10 рӯз қабл аз ҷиноят ба синни балоғат расида буд.
Дар мавриди Мирзомиддин Мирзораҳим, собиқ мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода, ки дар додани хулосаи бардурӯғ муттаҳам мешавад, аз суд талаб карда шуд, ки 2 сол ӯро аз озодӣ 5 сол аз ҳаққи фаъолият дар вазифаи ташхисгари соҳаи тиб маҳрум кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ