Пагоҳ муҳокимаи Қадамҷон Сафизода баргузор мегардад

Муҳокимаи Қадамҷон Сафизода, мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президент, рӯзи 17-уми май дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор хоҳад шуд. Мақомоти додгоҳ гуфтаанд, ки дар баробари ӯ панҷ нафари дигар дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Сафизода аввали соли гузашта боздошт шуд. Баъдан мақомот гуфтанд, ки дар доираи парвандаи ӯ панҷ тани дигар – Парвиз Назаров, муовини пешини мудири “Кохи Наврӯз”, Владимир Бобоев, Зуҳайл Сангинов, Арслон Маҳкамов ва Фурқат Раззоқов – мутахассисисони ширкати “Мегафон”-ро боздошт карданд.

Онҳо бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон”, “қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ” ва “сӯистифода аз боварӣ” – муттаҳаманд. Парвандаи ин афрод беш аз як сол боз дар дасти баррасӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *