Пахта ба давлат? Дар Суғд кӣ чӣ қадар пахта чид?
Замони шӯравӣ ин шабу рӯз газета, ТВ ва радио ҳамасоата оид ба рафти пахтачинӣ дар ҷумҳурӣ маълумот медоданд, пешсафону қафомондагонро муайян мекарданд ва донишҷӯёну хонандагони мактаб ҳама дар саҳро буданд.
Ҳамаи ин таҳти шиори “Пахта ба давлат” амалӣ мегардид. Хулоса, пахатчинӣ ба забони журналистони он замон “фронти зарбдор” эълон мешуд. Ҳоло чӣ? Агар бошанд онҳое, ки ин давраҳоро дар ёд доранд, барояшон маълумоти чидани пахтаро дар вилояти Суғд пешкаш мекунем.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, чиниши ҳосили пахта дар вилояти Суғд идома дорад ва то рӯзи 25 октябр 105 ҳазору 54 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ба 78,5 фоизи нақша баробар аст.
То имрӯз дар ноҳияҳои Ашт 14159 тонна, Бобоҷон Ғафуров 18441 тонна, Ҷаббор Расулов 9412 тонна, Зафаробод 21386 тонна, Конибодом 10314 тонна, Мастчоҳ 19043 тонна, Спитамен 12297 тонна пахта истеҳсол гардид, ки мутаносибан ба 91,6 фоиз, 96 фоиз, 75,3 фоиз, 71,9 фоиз, 72,1 фоиз, 66,6 фоиз ва 87,8 фоизи нақша баробар мебошад.
Тибқи маълумоти фаврӣ оид ба рафти пахтасупорӣ ҳамарӯза дар вилоят беш аз 1200 тонна”тиллои сафед” ҷамъоварӣ шуда истодааст.
Нақшаи истеҳсоли пахта дар вилоят барои соли ҷорӣ 133 ҳазору 838 тонна муқаррар гардидааст.
Мақомоти вилояти Суғд илова кардааст, ки ғунучини ҳосил дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят муташаккилона ҷараён дорад.Аз хабари мазкур танҳо ҷумлаи охирин ба навиштаҳои он замон монандӣ дорад,аммо рақамҳо ба маротиб фарқ мекунанд. Чунончӣ, нақшаи истеҳсоли пахтаи як вилояти ба истилоҳ “пахтакор” ба нақшаи як ноҳияи пахтакор ба мисли Шаҳритузу Восеъ ва ё Спитамен (он замон Пролетар) баробар асут халос…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ