Панҷакент то кай дар зулмот мемонад?
Ба раиси «Барқи тоҷик» Муҳаммадумар Асозода
Аз вақте ки шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакентро ба Истаравшан кӯчониданд, аҳолии Панҷакент рӯзи рӯшноиро надидаанд. Зеро масъулини шабакаҳои барқи Истаравшан тамоми экспериментҳоро бо мо мегузаронанд, хоҳанд, барқ медиҳанд, хоҳанд, ҳаволаат ба Худо мегӯянд.
Масалан дар ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент (ШБ Марғедар) ҳар бегоҳ 3-4 соат барқро хомӯш мекунанд. Ин бегоҳ таъзияе шуд. Барқ нест. Мардум ба шабакаи барқ занг заданд. Намояндаи барқ мегӯяд, ки бо Истаравшан иртибот мегирем, баъд ҷавобашро мегӯем. Ҷавоб наомад. Намояндаи шабакаҳои барқи Истаравшан дар Панҷакент дигар гӯшакро намебардорад.
Ин мушкилӣ бори аввал сар назадааст. “Лимит”-и бенақша ҳамарӯза сокинони Панҷакентро азият медиҳад. Чун ҳар лаҳза дар соати номуайян барқ 3-4 соат қатъ шуда, аз нав меояд, таҷҳизоти техникии сокинон низ корношоям мешавад.
Мо — мардуми Панҷакент додамонро ба кӣ гӯем?
Сокинони шаҳри Панҷакент
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ