Паранда ҳавопаймои Маскав-Хуҷандро ба нишастан маҷбур кард

Ҳавопаймое, ки дар масири Маскав — Хуҷанд парвоз мекард, ба парандае бархӯрд.

Ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» пас аз ин ҳодиса маҷбур шуд, ки дар фурудгоҳи алтернативии Домодедово фуруд ояд.

Фуруд бомуваффақият гузашта, ҳамаи мусофирон бо тайёраи эҳтиётӣ ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Таъкид мекунем, ки вақтҳои охир парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» мавқуф меафтад, ки он боиси саргардонии мусофирон гаштааст. Намояндагони ширкат ҳатто аз шарҳи мавқуф афтодани парвозҳо худдорӣ мекунанд. Гӯё ин раванд як кори маъмулӣ бошад. Борҳо мусофирон аз ин амали «Уралские авиалинии» ба Pressa.tj шикоят кардаанд.

Pressa.tj тасмим дорад ин мавзуро мавриди тадқиқ қарор диҳад. Агар дар ин маврид шикояте доред, ба суроғаи зерин нависед:

[email protected]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *