Парисо – Самарқанд

Сароб

Намедонам чаро роҳи умеди мурда мепоям,

Ва гарди гунаро бо оби ҳавзи дида мешўям.

Чу раҳме н-оварад бар ман на ҳуру одаму яздон,

Намедонам бад-ин ҳолат чаро шукри худо гўям.

Ки бурда аз ситеғи Қоф тоҷи рўшаниомез,

Ки рўйи зиндагӣ афтода ногаҳ сояи шабрез.

Надонистам зи бухлу кина буд ин бозии тақдир,

Саманди бахти хоболўд, моро назди он маҳмез.

Куҷо хуршедҳо пинҳон, куҷо маҳтобҳо тобон,

Куҷо бигрезам аз ин сояи сарди шабонгоҳон.

Куҷо мерезад об аз чашмаи поки раҳоиҳо,

Куҷо шўям ғубори ғусса аз рўйи равону ҷон.

Гуноҳам медавад то бар фарози кўҳсори дур,

Ва аз домони раҳ ҷўяд пае аз корвони нур.

Дар ин андешаам парвоз андар бешаҳо дорад,

Дил аз бесуиҳои раҳ даруни синаам ранҷур.

Чу ман бечорае ёбӣ, ту эй дил, андарин дунё,

Зи ман пайке расону овар инҷо лаб-лаби дарё.

Ки амвоҷи сиришкам сози бас андуҳгин дорад,

Биё, эй қалби бишкаста, тасалло ёб аз ин хунё.

***

Оҳ

Чашми моро ҳар замоне чашмасори дигар аст,

Боғи дилро рангҳо чун ҳар мазори дигар аст.

Нест парвое ба дил аз ҳолати афкори мо,

Ёри моро ҳар шабонрўзе нигори дигар аст.

Бўсаборонаш кунам рўъёи ёри хешро,

Лаъли ёри мо, валекин бўсазори дигар аст.

Муште хокистар, ки мебинӣ зи қалби ман нишаст,

Ҳар замон ин сўхтанҳо, аз шарори дигар аст.

Мавлавӣ гуфтанд моро – «бурдборӣ боядат»,

Сабри дил қиматтар аз ҳар хавфи дори дигар аст.

Аз диёри рўҳи Кўҳкан чун хуне барканду рафт,

То кунун бо ҷўйи хун, моро диморе дигар аст.

Аз мадовои тиҳидастӣ дили мо суд нест,

Гар ҷароҳатҳои дил ҳар гаҳ зи хоре дигар аст.

Аз тааҷҷубҳо бурун о, парвона об аз дида бар,

Ин мазиди марги мо аз корзори дигар аст.

***

Дом

Ашк на, аз дидаам хун мечакад,

Аз ҷафои олами дун мекашад.

Ман асирам бар нигоҳи сайдгир,

К-аз камонаш ашки гардун мечакад.

Аз ҳамон афсонаҳои ишқи ту,

Бар сарам борони афсун мечакад.

Дод аз дасти фалак к-аз чашми ман,

Қатраҳои хуни Маҷнун мечакад.

Гуфтӣ кў он дил, ки дар хун ғутавар,

Хун агар дил нест, пас чун мечакад.

Эй ситамгар, ку вафо бар ваъдаҳо,

То кай аз чашм оби гулгун мечакад.

Эй фалак, бишкаста ёр ин ҷоми дил,

З-он шаробе бас гуҳаргун мечакад.

پریسا — سمرقند

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *