Парвандаи 5 ҷасади салафанпечи тоҷикон ба поён расид

Таҳқиқи парванди панҷи ҷасади салафанпечи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Кумитаи тафтишотии вилояти Орлов пеш мебурд, ба анҷом расидааст.

Ин ҷасади салафанпечи шаҳрвандони тоҷик, ки моҳи июли соли гузашта дар вилояти Маскав ва Тула пайдо шуда буд, сарусадои зиёде дар расонаҳо ба вуҷуд овард.

Мақомоти тафтишотии Русия дар шарҳи ин қазия гуфтаанд, ки Аҳмадов барои дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи “Куйбишев-Брянск” Саидов ва 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро кироя кардааст: “8-уми июл вақти буридани лӯла дар ноҳияи Орлов 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз дуди заҳролуд дар нақб нафасгир шудаанд. Газҳои заҳролуд дар пайи истифодаи генератори бензинӣ дар нақб ба вуҷуд омадаанд”.

Бар асоси маълумоти мақомоти тафтишотӣ баъди он Сайидов Аҳмадовро аз ин қазия огоҳ мекунад:“Аҳмадов ва Саидов ҷасади муҳоҷирони фавтидаро ба мошин бор карда, се нафари онҳоро дар истгоҳе дар Тула ва ду тои онҳоро ба ҷангали канори роҳе дар вилояти Маскав партофтаанд”.

Баъд аз он гумонбарон ба ҷои ҳодса баргашта, ба маблағи 9 ҳазор рубл аз лӯла

Мақомоти тафтишотӣ афзуданд, муттаҳамон баъди ин ба ҷои фоҷеа баргашта ба маблағи 9 ҳазор рубл аз лӯла маводи сӯхт дуздидаанд: “Феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Аҳмадов ва Саидов бо иттиҳоми расондан ба марг дар пайи беэҳтиётӣ, вайрон кардани лӯлаи маҳсулоти нафтӣ ва дуздӣ анҷом ёфта, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шуд. Муттаҳамон гуноҳашонро пурра иқрор карда, изҳори пушаймонӣ мекунанд”.

Он вақт, баъди ин ҳодиса, шаҳрвандони Тоҷикистон Хуршед Шарифович Ёрматов, (соли таваллуд 1988), Самандар Халифаев(1989), Фирдавсӣ Ашӯрович Набиев(1988) ба ҳалокат расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *