Пелеи афсонавӣ даргузашт
Эдсон Арантис ду Насименту, маъруф ба Пеле, ягона қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол, яке аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ситораи пешини тими миллии футболи Бразилия ва бошгоҳи Сантос дар 83-солагӣ даргузашт.
Пеле дар 16-солагӣ, соли 1957 ба тими миллии футболи Бразилия пайваст ва 15 сол дар ин тим бозӣ кард.
Пеле дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 1958 бо Фаронса аз худ қаҳрамонии бемисл нишон дод. Самараи ҳамин бемислии ӯ буд, ки Бразилия дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1958 бори аввал дар таърих ҷоми ҷаҳонро соҳиб шуд. Пас аз ин шуҳрати ӯ дар олами футбол афзуд ва ӯро ҳамчун нобиғаи футбол медонанд.
Тими миллии Бразилия дар солҳои 1958, 1962 ва 1970 қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуд ва аз ин нигоҳ рекорддор дар ҷаҳон аст, ки дар ин нақши Пеле бузург аст ва ин ғолибияти тими миллиро аз бозингари ҳирфаӣ — Пеле медонанд.
Пеле дар корономаи худ 757 голи бошгоҳӣ ва 77 гол дар тими миллии Бразилия дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ