Пешниҳод ба Кумитаи занон ва Вазорати фарҳанг

Таҳия шудани моноспектакли “Шаби танҳоӣ” дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар иҷрои актрисаи бомаҳорат Моҳпайкар Ёрова падидаи ҳаёти фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад, зеро ин намоиш ба бонувони тоҷик паёми муҳиме дорад…

Шаби танҳоии як зан

“Шаби танҳоӣ” дар асл шаби танҳоии як зани хиёнатдида аст. Ӯ ҳанӯз дар камолу ҷамоли шукуфоӣ қарор дорад, вале шавҳараш асири “гардандарози борикмиён”-и ҷавон шуда, ба думболи ӯ афтодааст. Ин рафтори шавҳар занро, ки худаш актриса аст, ба шӯр меорад. “Мағз-мағзи устухонаш” месӯзад, дар мегирад. Дар ин як шаби танҳоӣ зиндагӣ аз пеши чашмаш чун навори кино мегузарад. Ба ёд меорад ба дом афтодани худро. Шавҳар, ки аллакай ҳунарманди машҳур аст, бо баҳонаи истеъдодашро сайқал додан ва аз ӯ ситораи ҳунар сохтан ӯро ба дом меафтонад.

Вале ин актриса шавҳарашро дӯст медорад. Ба ӯ содиқ аст, боре ҳам нисбаташ бевафоӣ накардааст. Бинобар ин, хиёнати шавҳарро ҳамчун таҳқир ба шаъну шарафаш, ба номусаш, ба шахсияташ қабул мекунад. Ӯ дардманд аст, гирифтор аст, месӯзад…

Дар ин шаби танҳоӣ аз сари ӯ даҳҳо фикр мегузарад: маъшуқаи шавҳарашро байни издиҳом шарманда кунад, шавҳарашро беобрӯ созад, ошиқи ҷавон пайдо карда, кайфу сафо кунад чӣ… ё беҳтар аст, худашро кушад?…

Вале бо вуҷуди ин, ӯ худро медорад. Шаънашро паст намезанад. Ба думболи ошиқи ҷавон намеравад, худашро ҳам қурбон намекунад. Балки ба хулоса меояд, ки шикаст нахӯрад ва ба худаш мегӯяд: “Мард бош, бону! Санг бош, бону!…”, то қурбони манфиатҳо, дасисаҳо, хиёнатҳо… нашавӣ…

Бардошт аз намоиш

Ин намоиш ба қалами драматурги тоҷик Ғаюр Ашӯр тааллуқ дорад. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Мирзоватан Миров онро ба саҳна гузоштааст. Шеваи басаҳнагузории “Шаби танҳоӣ” хеле сода аст. Намоиш декоратсияи зиёд надорад. Як актриса, як курсӣ, ва як пора остин намоишро ба вуҷуд овардаанд.

Актриса Моҳпайкар Ёрова бошад, ин нақшро бо маҳорати баланд иҷро мекунад. Ӯ ҳолати руҳиву равонии як зани таҳқиршударо хеле моҳирона ифода кардааст. Зани офаридаи Моҳпайкар бо вуҷуди он ки дарун-дарун месӯзад, мубориз аст. Шикаст хӯрдан намехоҳад. Барои шаъну шараф ва эътибораш ғам мехӯрад.     

Ин намоиш 2 нуктаи ҷолиб дорад:

  1. Ба бонувон паём дорад. Паёми намоиш ба бонувони азиятдида, таҳқиршуда, дар зери фишору озору азиятбуда он аст, ки дар зиндагӣ мубориз бошанд, қурбон нашаванд. Шаъну шараф ва номусу эътиборашонро зери по накунанд, мард бошанд, санг бошанд, ғаюру ҷасур бошанд, руҳафтода нашаванд. Паёми ин намоиш дар охир хеле равшан инъикос шудааст.
  2. Симои зани тоҷик дар намоиш хеле барҷаста нишон дода шудааст. Бо вуҷуди он, ки шавҳар ба ӯ хёнат кардааст, то субҳ барои ӯ месӯзад, дуо мекунад, нафрат мехонад, аз баҳраш мегузарад, вале вақте ба сари шавҳараш бало меояд ва ӯро кормандони пулис бурданӣ мешаванд, ба шӯр меояд, “шавҳари маро куҷо мебаред?” гӯён, аз паси мошин медавад, то ӯро халос кунад. Ин корро фақат зани сабури тоҷик карда метавонад.

“Шпаргалка” ба Кумитаи занон

Дар нахустнамоиши “Шаби танҳоӣ” чеҳраҳои шинохтаи кишвар, махсусан, бонувони фаъол ширкат доштанд. Пас аз намоиш бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудам. Ҳамагӣ ба ҳунари актриса Моҳпайкар Ёрова қоил буданд ва пешниҳод мекарданд, ки ин намоиш ба занони кишвар ба таври васеъ нишон дода шавад.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, ки солиёни зиёд боз мушкилоти занони тоҷикро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: “Оид ба муносибати оиладорӣ аз ВАО, мизҳои мудаввар, барномаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, таҳлилҳои коршиносон ва ғайра огоҳем, аммо шумораи оилаҳое, ки проблема доранд, сол аз сол зиёд шуда истодаанд. Дар ин моноспектакл танҳо яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани фарҳанги оиладорӣ — хиёнати мард ва рашки зан ба намоиш гузошта шудааст. Ин намоиш бояд ба доираи васеъи занон нишон дода шавад. Зеро он руҳи шикастнопазирро талқин ва оилаи солимро тарғиб мекунад”.

Журналист Ҳуринисо Ализода низ бар он аст, ки моноспектакли “Шаби танҳоӣ” дар саросари кишвар нишон дода шавад.

Аз ин гуфтаҳо, банда ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар пешниҳод мекунам, ки сафари ҳунарии “Шаби танҳоӣ”-ро ба шаҳру навоҳии кишвар ташкил кунанд. Кош ин намоиш дар ноҳияҳо нишон дода шавад, зеро мушкилоти занон дар манотиқи кишвар бештар ба назар мерасад.

Як пешниҳод ба Вазорати фарҳанг

Моҳпайкар Ёрова аз зумраи ҳунармандони боистеъдоди тоҷик аст. Солиёни зиёдест, ки дар театру синамо ҳунарнамоӣ мекунад ва ба қалби мухлисон кайҳо ошён гузоштааст. Тарғибгари ҳунари асил, дилсӯзи театри миллӣ аст. Ғалат намекунам, агар бигӯям, ки дар байни актрисаҳо яке аз машҳуртаринҳост. Дар филмҳои хориҷӣ нақш офарида, ҳунари тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Вале то имрӯз ягон унвони ҳунарӣ надорад. Бо нақшҳои сершумораш дар театру кино ӯ собит кардааст, ки арзандаи унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” аст.

Ба маъмурияти Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод мекунам, ки Моҳпайкар Ёроваро барои гирифтани унвоне, ки кайҳо ба он меарзад, пешбарӣ кунанд.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *