Пешниҳод: Аввал ваксина баъд маршировка
Аз оғози маршировкаи донишҷӯён барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни ваҳдат ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як рӯз нагузашта мақомоти кишвар шуюъи дигарбораи короновирусро дар кишвар эълон намуд.
Чун фарзандони мо дар маршировка ҳастанд, ин хабар ба дили мо оташ барангехт ва хобро аз чашмонамон бурд. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ зид нестем, ки фарзандони мо барои дар сатҳи зарурӣ ва шоиста таҷлил кардани ҷашнҳои бузурги давлатӣ ширкат варзанд, балки орзуи мо саломатии онҳо аст.
Аз мақомоти кишвар хоҳиш мекунем, ки чораҳои беҳдоштиро дар майдони маршировкаҳо пурзур намоянд ва фарзандони моро аз ин бало эмин нигоҳ доранд.
Пешниҳод мекунам, ки тамоми донишҷӯёне, ки дар маршировкаҳо ширкат меварзанд, ваксина карда шаванд, то ки ҳам худ солим бошанд ва ҳам ҷашнҳои давлатӣ дар сатҳи баланд баргузор шавад.
Матлуба АЮБОВА,
сокини шаҳри Ваҳдат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ