Пешниҳоди 43 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути пос-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 3,1 миллион амалиёт оид ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо ва боҷҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 82 миллион сомонӣ гузаронида шуд.
Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.
Дар ин давра шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳояшонро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 9,5 ҳазор адад зиёд шуда, дар натиҷа беш аз 175 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, ки 70 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад.
Ҳоло барои андозсупорандагону шаҳрвандон 43 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, ташкили чунин хизматрасониҳо ба содаю осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои хоҷагидор ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ