Пешниҳоди Раҷаббой Аҳмадзода ба сармоягузорони Русия
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳамтои худ аснои суҳбат таъкид кардааст, ки “дар вилояти Суғд саноати куҳӣ-металлургӣ ва саноати сабук рушд ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ фаъолият доранд. Имкониятҳо барои коркард ва истеҳсоли маъдан, пахта, меваю сабзавот, доруворӣ, техникаи маишӣ фаровон буда, соҳибкорони тоҷик омода ҳастанд, ки бо сармоягузорони рус ҳамкориро густариш бахшанд”.
Евгений Куйвашев омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, омода намудани омӯзгорон барои мактабҳои русзабон изҳор намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ