Пешниҳод: 1000 сомонӣ дар рӯйи он акси Пешвои миллат бошад!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро сокинони мамлакат бо хушнудӣ пазируфтанд.

Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб натанҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳон эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳо набудани давлати миллӣ имкон намедод, ки мо дорои Лидери сиёсии миллӣ ва Пешвои эътирофшудаи давлатӣ бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хоси худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Кишвари мо бо аксар мамолики олам робитаи дӯстӣ дорад ва ҳамкории худро бар асоси манофеи миллӣ ва ҳифзи равобити ҳамсоядорӣ ба роҳ мемонад. Акнун аз баракати ин марди шариф миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, гурезагӣ, гуруснагӣ ва аз ҳама муҳимаш, аз беватанӣ наҷот дод. Ӯ барои ҳимоя ва пойдории сулҳу Ваҳдат ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон азиз синаи худро сипар кард, ки ин амали ҷавонмардонаро таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Пешниҳоди ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ба инобат гирифта, расми Пешвои миллатро дар пули ҳазор сомонӣ гузорем.

Дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти кишвари азизамон ин иқдоми нек ҳадяе мешуд барои миллат, зеро ки сарвари одилу оқил як неъматест аз ҷониби Худованд барои халқ.

Шариф Каримов, директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *