Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар Ҷоми «Роҳи абрешим»
Мунтахаби футболбозони 16-солаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) соҳиби медалҳои нуқра гардид.
Дар бозии даври ниҳоии мусобиқот рӯзи 15 июл, ки дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бар дастаи мизбонон – мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот Ваҳдат Ханонов бо ҷоизаи беҳтарин ҳамлагар сарфароз гашт.
Ба ин тартиб, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 9 имтиёз ғолиби мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) гардид. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дуюм ва мунтахаби Чин бо 3 хол зинаи 3-юмро ишғол карданд.
Э. НАЗАРОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ