Писари Бинни Лодан аз Амрико қасос гирифтанист
Писари Усома бин Лоден-Ҳамза бин Лоден-раҳбари кушташудаи шабакаи террористии Ал Қоида дар сабти як навори садоӣ таҳдид кардааст, ки барои куштори падараш аз Амрико қасос мегирад.
Ин навори садоиро 10 июл сомонаи Аш-Шабоби Ал Қоида нашр кардааст. Ҳамза гуфтааст, ки амрикоиҳо барои тасмими раҳбари худ масъул хоҳанд буд.
Вай гуфт, ки ин гурӯҳи шӯришӣ ба ҷиҳод ё ҷанги муқаддаси худ бар зидди Амрико барои зулму ситамҳояш ба мусулмонон идома хоҳад дод. Ҳамза мегӯяд: “Агар шумо фикр мекунед, ки ҷинояти хабиси шумо бидуни ҷавоб хоҳад монд, иштибоҳ мекунед”.
Усома бин Лоден моҳи маи соли 2011 дар Аббутободи Покистон тавассути нируҳои дарёии Амрико дар амалиёте кушта шуд. Ҳоло таҳлилгарон мегӯянд, ки шояд писари Усома мехоҳад раҳбарии Ал Қоидаро бар уҳда бигирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ