Пиёзи кабуд пиршавиро пешгирӣ мекунад

Фасли баҳор асту дар бозорҳо пиёзи кабуд фаровон аст. Дар деҳаҳо ҳам рӯйи ҳавлӣ пиёз сабзидааст. Тавсия медиҳем, ки бештар пиёзи кабуд бихӯред, зеро он кони витаминҳо мебошад.

Пиёзи кабуд азбаски аз моддаҳои калий ва каротин бой аст, кори дурусти мушакҳои дилро таъмин мекунад, аз бадан моеъҳои зиёдатиро хориҷ менамояд. Пиёз инчунин барои солим ва мустаҳкам нигоҳ доштани дандонҳо хеле муфид аст.

Пиёз таомро ҳазм карда, рехтани мӯйро пешгирӣ мекунад. Миқдори зиёди руҳ дар пиёзи кабуд вазъи мӯй ва нохунҳо, инчунин фаъолияти системаи иммуниро беҳтар мекунад.

Пиёзи сабз аз витаминҳо бой мебошад: танҳо дар 100 грамм кабудӣ гурӯҳи витамини В, калтсий, руҳ мавҷуд аст.

Витамини А барои нигоҳ доштани зебоӣ ва саломатии пӯст кумак мекунад, равандҳои пиршавиро бозмедорад, рагҳои хунро чандиртар мекунад. Он антибиотики табиӣ мебошад, ки иммунитетро афзоиш медиҳад. Хӯрдани пиёзи кабуд хавфи пӯсидани дандон, стоматитро коҳиш медиҳад. Он дорои зеаксантин ва лютеин мебошад, ки барои солимии чашм муҳим аст. Истеъмоли кабудиҳо — пешгирии хуби бемориҳои чашм мебошад.

Таъкид:

Ҳангоми истеъмоли миқдори зиёди пиёзи кабуд ҳисси сӯхтанӣ ва нороҳатии меъда ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, беҳтар аст онро бо таомҳо, махсусан бо хӯрокҳои суюқ омехта карда истеъмол кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *