Пиёзсӯзак. Оё аз ин таоми маъмулӣ ҳам маҳрум мешавем?

Чанд рӯз пеш дар шабакаи “Фейсбук” луқмаеро хондам, ки дар назари аввал хандаовар аст, аммо каме амиқтар андеша намоӣ, муҷиби гиря кардан ҳам мешавад.

Нафаре бо ишора ба гарон шудани нархи пиёз навишт, ки “акнун аз пиёзсӯзак хӯрдан ҳам маҳрум шудем”. Албатта, тавре ишора кардем, он луқма аст, луқма ба хабарҳои нохуш дар боби арзиши баланди пиёз, ки дар расонаҳо инъикос гардида истодаанд. Дигар луқмаҳои хабариро низ вохӯрдан мумкин аст. Яке луқма партофт, ки сабаби асосии гарон шудани нархи пиёз кам кишт шудани он аст. Дигаре болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ва нуриҳои минералиро асос овард. Сеюмӣ омили аслиро содироти пиёз ба хориҷи кишвар гуфт.

Воқеан, омилҳои номбаршуда ба нарх таъсири зиёд доранд. Аммо касе нагуфт, ки яке аз омилҳои дигари асосӣ қудрати пурраи обмонӣ надоштани кишоварзон аст. Чун пиёз ба андозаи кофӣ об нахӯрд, нашъунамо намеёбад. Инро таҳлилгарони Вазорати кишоварзӣ надонанд ҳам, мо медонем. Мо хуб медонем, ки пиёз яке аз зироатҳои ба об зиёд ниёзманд аст ва ҳангоми интихоби замин барои кишти он саҳлангорӣ бар зарари кор мешавад. Агар замини мувофиқ интихобу кишт хуб ноҳиябандӣ нашавад ва бар замми ин, пиёз об нахӯрад, на аз тухмии пиёзи испании 313, на аз пиёзи сурхи самарқандӣ, на аз “Алдоба”, на аз “Сибир”, на аз “Волф-F1”, на аз пиёзи техасии барвақтӣ ва на аз пиёзи баҳории “Баракат” ҳосили фаровон интизор шудан мумкин нест. Зеро, пиёз, хусусан баҳории он бояд камаш 10-12 маротиба “шикамсерӣ” об хӯрад!

Дар ҳоле, ки нархи як кило пиёз ба 7-8 сомонӣ расидааст, директори Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Ҳусайн Идиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт: «Ҳоло ман гуфта наметавонам, ки дар моҳи сентябр картошкаву пиёзро бо кадом нарх мехарем, аммо бовар дорам, арзиши ин намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ поин меравад”.

Ин гуфта танзи мардумиеро ба ёд меорад:

Дар ҷараёни қувваозмоии ду паҳлавон дар мусобиқаи гӯштингирӣ аз мӯйсафеди собиқ гӯштингир мепурсанд:

— Ба фикри шумо, кадоме аз паҳлавонҳо ғолиб меояд — Аброр ё Асрор?

Мӯйсафед баъди андаке андеша мегӯяд:

— Рости гап, ё инаш ғолиб меояд, ё вайаш.

Дуруст, дар моҳи сентябр картошкаву пиёзро ё арзон мехарем, ё қиммат. Зеро, қариб ҳама корамон таваккалӣ аст. Дурнамо надорем. Таҳлилҳоямон заиф аст. Мисле, ки як олимамон чанде пеш тавсияи булаҷаб дошт. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тавсия дод, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо бояд аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида шавад. Дар ҳоле, ки дар минтақаҳои асосии картошкапарвари кишварамон, агар хирс бошад, нимаи моҳи февралу аввали март ҳатман хоб аст…

Бинобар ин, агар таҳлили амиқу ояндабинии васеъ дар мавриди кишти зироатҳо, бахусус зинаҳои аввали он надошта бошем, ҳамон 47 анбору 3 бинои яхдонии нигоҳдории картошкаву пиёзи гуфтаи ҷаноби Идиев ҳам, ки кам аст, бо сабаби гаронии нарх ва ё камчинии маҳсулот пур намешаванд…   

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *