Покистон: 9 полис кушта ва 13 ғайринизомӣ захмӣ шуданд
Ба гузориши манобеи расмии Покистон, имрӯз автомобили неруҳои полиси ин кишвар дар шаҳри Булон ҳадафи таркиши пурзӯри бомба қарор гирифтааст.
Мақомоти полиси вилояти Балуҷистон эълом карданд, ки дар ин ҳамлаи террористӣ 9 полис кушта ва 13 ғайринизомӣ сахт захмӣ шудаанд.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.
Моҳҳои охир гурӯҳи террористию ҷудоихоҳи артиши озодихоҳи балуҷӣ масъулияти ҳамалоти зидди неруҳои амниятӣ дар манотиқи мухталифи Балуҷистони Покистонро бар уҳда гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ