Покистон раводидро барои сайёҳону тоҷирон аз Тоҷикистон ройгон кард
Мақомоти Покистон барои шаҳрвандони 126 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон пардохти пули раводидро бекор кард.
Ҳамакнун ба шаҳрвандони ин кишварҳо раводиди сайёҳӣ ва тиҷоратӣ ба муҳлати 90 рӯз дар давоми 24 соат ройгон дода мешавад.
Илова бар ин, раванди дархости раводид барои онҳо хеле сода хоҳад шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон низоми бидуни раводид аз 10 августи соли ҷорӣ амалӣ шуд.
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон бошад, аз 1 майи соли равон барои шаҳрвандони боз 25 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ҷорӣ гардид.
Гуфта мешавад, ба феҳристи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид вориди Тоҷикистон шаванд, ҳоло Булғористон, Бразилия, Ватикан, Ирландия, Мексика, Муғулистон, Уммон ва дигар кишварҳо дохил гардиданд.
Инчунин, Тоҷикистон ба шаҳрвандони синну соли аз 55 болои 16 давлат низоми бераводид ба мӯҳлати 14 рӯз ҷорӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ