Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қабули қонуни нав ва дурнамои хизмати ҳарбӣ

Мусоҳибаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

-Ҷаноби вазир, имсол ҷашни Артиши миллӣ ба рӯзҳое мувофиқ афтод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати ҶТ тасдиқ ва ба тасвиб расид. Чӣ зарурате буд, ки қонуни мазкур дар тарҳи нав қабул карда шавад?

-Ҳама гуна пешравӣ, дигаргуниҳо дар ҷомеа, авзои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон водор месозанд, ки қонунҳо такмил ёбанд, ҷавобгӯйи талаботи замон бошанд. Артиши миллӣ низ наметавонад аз ин маҷро берун бошад. Аз қабули Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” 20 сол сипарӣ шуд. Ҳар кадоми мо шоҳиди гардиши ҷиддӣ дар вазъи низомии ҷаҳон ҳастем. Ҳар кишвар дар роҳи дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва давлатии худ қарор дорад. Аз ҷумла, Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири Истиқлолияти давлатии мост. Бо назардошти ин, зарурати дар таҳрири нав таҳия ва қабул намудани қонуни мазкур пайдо гардид.

-Метавонед ҷузъиёти ин қонунро дар таҳрири нав шарҳ диҳед?

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, маҷмўи тадбирҳо дар мавриди қайди ҳарбии шаҳрвандон, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, зиёд намудани уҳдадориву ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи қайди ҳарбӣ ва даъват ба хизмати ҳарбиро фаро гирифта, танзим менамояд. Яке аз навовариҳои асосии қонун намуди нави хизмати ҳарбӣ мебошад. Дар баробари хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок (тибқи даъват) ва хизмати ҳарбии ихтиёрӣ,  дар қонун намуди нави хизмати ҳарбӣ — хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ карда шуд.  Чунин намуди хизмат пешбинӣ менамояд, ки шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа ва пардохти маблағи муайян ( андозаи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад) уҳдадории ҳарбии худро иҷро намуда, ба ҳайати захираҳои эҳтиётӣ ворид шаванд. Ҳамчунин,   минбаъд ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рутбаи аввалини ҳарбӣ, танҳо баъди адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ (тибқи даъват) ба муҳлати 12 моҳ, дода мешавад. Дар баробари ин,  қонун аз ҷониби комиссарони ҳарбӣ гузаронидани чорабиниҳои омӯзиши пешаздаъватӣ, уҳдадории ҳатмии волидайни даъватшавандагон оид ба қабули даъватномаҳо, такмили низоми бақайдгирии ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шаҳрвандоне, ки аз рӯйи зинаи таҳсилотии магистр таҳсил менамоянд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ба танзим даровардааст.

-Яке аз бандҳои қонун имтиёз медиҳад, ки бо пардохти маблағ шаҳрвандон аз хизмати ҳарбӣ озод шаванд. Киҳо  аз ин имтиёз бархӯрдоранд?

-Дар асоси моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ,  аз 18 то 27 — солае, ки қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд, ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд  ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд. 

-Маблағ ба кадом миқдор аст?

-Муайян кардани маблағ дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Айни замон доир ба ин масъала мутахассисони Вазорати мудофиа дар мувофиқа бо масъулини дигар вазорату идораҳо кор карда истодаанд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

-Онҳое имконияти пардохти маблағро доранд, ки шароити хуби молӣ доранд. Аммо, тақдири онҳое, ки ин имкониятро надоранд, вале намехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунанд, чӣ мешавад?

-Хизмати ҳарбӣ ҳатмист. Саркашӣ кардан барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиноят аст. Дар тамоми кишварҳои дунё чунин мебошад. Ман бовар надорам, ки дар Тоҷикистон афроде пайдо мешаванд, ки майли саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ дошта бошанд. Замоне ки лаззати меваи Истиқлолиятро мечашем, бояд дарахти онро муҳофизат кунем. Бо ҷавононе, ки соҳиби чунин тафаккур ҳастанд, кори тарбиявӣ бурдан лозим аст.

-Қабули қонун дар таҳрири нав  ба сифати хизматрасонӣ дар сафи Артиши миллӣ  чӣ таъсире дорад?

-Он имкон фароҳам меоварад, ки касбият дар Қувваҳои Мусаллаҳ  баланд бардошта шавад, хизмат дар Артиши миллӣ ба ифтихори миллӣ табдил ёбад, ҳар сокини Тоҷикистон бо сари баланд гӯяд, ки «Ман дар назди Модар–Ватан вазифаи муқаддаси фарзандии худро иҷро кардам».

Ҳоло дар муассисаҳои олии таълимӣ машғулиятҳо ба таври назариявӣ ҳастанд.  Аммо дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кардан таҷрибаи амалӣ мехоҳад. Қонуни нав инро ба танзим медарорад ва мукаммал месозад.

-Мегӯянд, ки агар хоҳӣ, ки рафтори инсонро тағйир диҳӣ, бо мағзи вай кор мебояд кард. Вақте ки мафкураи инсон дигар мешавад,  рафтор ва кирдораш низ дигар мегардад. Бурди асосии замони шӯравӣ кори идеологӣ буд. Дар ҳар қисми ҳарбӣ муовинон оид ба идеология фаъолият доштанд, рӯҳияи ватанпарастӣ, садоқат ба давлатро дар мағзи ҳар аскару афсар ҷой мекарданд. Дар Артиши миллии мо низ чунин аст?  

-Воқеан, сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ бешак аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Вобаста ба ин, дар сохтор ва тобеияти тамоми навъи қўшунҳо ва қисму воҳидҳои низомӣ муовинони фармондеҳону командирон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ амал мекунанд, ки масъулини ин соҳа дар ҳама гуна вазъият вазифадоранд, ки таълиму тарбияи ҳарбӣ-сиёсии низомиёни кишварро баланд бардошта, тафаккури онҳоро ба хизмати ҳарбӣ  мутобиқ намоянд, тарбияи ватанпарастӣ ва маърифати ҳуқуқии афсарону сарбозонро боз ҳам тақвият бахшанд ва аз ҳама муҳим рӯҳияи ҳайати шахсиро ҳангоми тайёрӣ ба ҷанг қавӣ гардонида, дар тамоми қисмҳои низомӣ интизоми намунавиро дар байни хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ҷорӣ намоянд. 

Баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳо масъулини вобастаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он, Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ роҳнамои фаъолияти рўзмарраи худ намуда, дар самти таъмини ҳолати ахлоқию рўҳии ҳайати шахсӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, ҷорӣ намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақом ва обрўю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.

-Оё Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шиоре дорад, ки зери он чун зери ливо афсарону аскарон пеш раванд. Масалан, шиоре чуноне Фирдавсӣ гуфтааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

-Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ шиореро, таҳти унвони “Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумњурии Тоҷикистонро бо неруи тоза, омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем” қабул намуданд.

-Мегӯянд, ки донишҷӯён ҳам баъди хатми муассисаҳои олии кишвар  ба қисмҳои ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Воқеият чист?

-Дар ибтидо ҳам онҳо аз хизмати ҳарбӣ озод набуданд. Шаҳрвандоне, ки муассисаҳои олиро бидуни кафедраҳои ҳарбӣ хатм мекарданд, ҳатман ба хизмат ҷалб мешуданд. Ҳоло ҳам ҷалб шуда истодаанд. Вале, тибқи муқаррароти қонуни нав шаҳрвандоне, ки муассисаҳои олии таълимиро бидуни омўзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад.

Бо ҳамин тартиб 12 моҳе, ки  онҳо дар сафи Артиши миллӣ  хизмат мекунанд, ҳатман таҷрибаи амалӣ пайдо мекунанд. Ба ин васила дар оянда ҳамчун афсар метавонанд кору фаъолият намоянд.

-Ҳоло кадом тоифаи одамон аз хизмати ҳарбӣ озоданд?

-Мувофиқи моддаи 30-и қонуни амалкунанда беморон, онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро адо кардаанд, хизмати ҳарбиро дар дигар давлатҳо адо кардаанд, бинобар содир намудани ҷиноят аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод ҳастанд. Инчунин, онҳое, ки аъзои оилаашон дар хизмати ҳарбӣ фавтидаанд, дар оила писар ё писархонди  ягона мебошанд ва онҳое, ки дорои унвони номзади илм ё доктори илм мебошанд, ҳуқуқи аз даъват озод шуданро доранд.

-Магар қаблан ин имконият маҳдуд буд?

-Мо мехоҳем, теъдоди  бештари ҷавонони синни даъватиро ба сафи Артиши миллӣ  ҷалб намоем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар ҷавонписарони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27 — сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Ва боқимондаи онҳо тайёрии ҳарбиро намегузаранд. Аз ин хотир, зарурат пеш омад, ки барои ҷалби боқимондаи шаҳрвандони синну соли даъватӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа, онҳо низ омодагии дифоиро гузаранд ва дар сурати таҳдиди хатар ба давлат, тайёрии ҷангӣ дошта бошанд.

-Қабули қонуни мазкур облаваро дар қаламрави кишвар аз байн мебарад?

-Аслан “облава” дар забони мардум як ибораи маъмулӣ гаштааст ва он дар қонуни нав ва ҳам пешина вуҷуд надошт ва надорад.

Дар моддаи 10 қонуни мазкур уҳдадории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба таъмини иҷрои уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон вазифаҳои мушаххасро пешбинӣ намудааст. Тибқи талаботи   қонуни мазкур, мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадор аст, ки  дар асоси дархости комиссари ҳарбии  ноҳия ва шаҳр (командири қисми ҳарбӣ) шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷӯстуҷӯ ва боздошт намоянд.

-Баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон душаҳрвандӣ доранд. Яъне, ҳам шаҳрванди Россия ҳастанд ва ҳам Тоҷикистон. Агар хизмати ҳарбии онҳо дар Русия сурат гирад, аз хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон озоданд?

-Бале, тибқи моддаи 30-и қонуни дар боло зикршуда чунин шаҳрвандон аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озоданд.

 -Дар минтақаҳои Рашт ва Бадахшон иҷрои нақшаи даъват ба аскарӣ дар як ҳафтаи аввал пурра иҷро мешавад. Ҳатто волидон фарзандонашонро аз Русия даъват карда, водор месозанд, ки хизмати ҳарбӣ кунанд.   Вале дар дигар шаҳру ноҳияҳо  ё иҷрои нақша то рӯзи охир кашол меёбад ё умуман иҷро намешавад.

 -Вақтҳои охир майли ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рӯ ба афзоиш доранд. Иҷрои нақшаи даъват  дар муддати кӯтоҳ  вобаста ба фаъолияти дурусти комиссияҳои даъватӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи масъулини мақомоти ҳамон шаҳру ноҳияҳост. Масъулияти баланди падару модарон ҳам ҳаст, ки фарзандонашонро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд.  Дар асл, ҳамасола нақшаи даъват дар ҳама шаҳру ноҳияҳо пеш аз муҳлат иҷро мегардад. Кашолкорӣ, иҷро нагаштан ё дер иҷро гаштани  нақшаи даъват аз дуруст иҷро накардани ваколатҳои мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо дар ин самт мебошанд. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, бо мардум ҳамкории зич доранд, чорабинии даъват ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ва дар сатҳи баланд сурат мегирад.

-Миёни мардум андешае вуҷуд дорад, ки  “дедовшина” дар қисҳои  ҳарбӣ зиёд аст ва як сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбист.

-Албатта, дар ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ мешавад. Ин мушкилот дар артиши кишварҳои мутараққӣ низ ҷой дорад. Вале, нисбати солҳои қаблӣ рафторҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ хеле кам ба назар мерасад. Ин ҳодисаҳо асосан вобаста ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии афсарону сарбозон, ҳамоҳангсозии фаъолияти масъулини қисмҳои низомӣ  бо мақомоти прокуратураи ҳарбии гарнизонҳо ва намояндагони КДАМ вобастагӣ дорад. Ҳамчунин, вазорат  тадбирҳои пешгирӣ аз рафторҳои ғайриоинномавиро дар қисмҳои низомӣ пурзўр намуд, насби видеокамераҳои мушоҳидавӣ, омўзишу гузаронидани суҳбатҳои инфиродӣ, ташкили чорабиниҳои гуногуни тарбиявиро ба роҳ монд, ки натиҷаи хуб доданд.

-Ҳоло теъдоди занҳо дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа чанд нафаранд ва онҳо кадом рутбаҳоро соҳибанд?

-Барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қарору санадҳои дахлдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  шудааст. Дар ин бора, зимни Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат таъкид карданд. Мо ҳам талош дорем, ки дар  ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон теъдоди занонро зиёд намоем. Ба ғайр аз ин, бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон  дар Артиши миллӣ дар тобеияти Вазорати мудофиа ва сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ Шўрои занон амал мекунад, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон-хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки занон дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, тарбияи занон дар рўҳияи ватандўстӣ мусоидат мекунад. Айни замон дар Вазорати мудофиа беш аз 1600 занону бонувон фаъолият доранд ва рутбаи баландтарини онҳо полковник  аст.

-Магар занҳо арзиши рутбаи генералиро надоранд?

 -Доранд. Аммо барои соҳиби ин рутба шудан вақт ва малака лозим аст. Бовар дорам, ки дар оянда занон ин рутбаро соҳиб хоҳанд шуд.

 -Фарзандони соҳибмақомон ба хизмати ҳарбӣ  ҷалб мешаванд?

-Бале, се-чор соли охир ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Дар даъвати тирамоҳии соли гузашта зиёда аз 400 нафар фарзанди мансабдорон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб  карда шуданд. Миёни онҳо писарони муовини вазири мудофиа, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар ашхоси мансабдор зиёданд. Масалан, писари раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 6 моҳ аст, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат карда истодааст.

Ин ҳама самараи таваҷҷуҳи хосаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Он кас зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд: «Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем».

Воқеан, имрўз Артиши миллии кишвар дар кӯтоҳтарин муддат ба як неруи пуриқтидор табдил ёфт. Дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити хизматию маишӣ фароҳам оварда шуда, созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Танҳо дар давоми се соли охир беш аз 400 иншооти аҳамияти ҳарбидошта ба нақша гирифта шуда, то имрўз 80 фисади он иҷро гардидааст ва то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба пуррагӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Маҳз бо дастгирии Пешвои миллат хизматчиёни ҳарбӣ бо хонаҳои истиқоматии муҷаҳҳази дорои шароити хубу замонавӣ таъмин гардиданд. 

-Чун суҳбати мо дар арафаи таҷлил аз ҷашни 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён мегирад, дар ин лаҳзаҳо чӣ таманниёт доред?

-Аз фурсати муносиб истифода бурда, изҳор менамоям, ки мо- хизматчиёни ҳарбӣ набояд фаромўш созем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишварро  ба зиммаи мо-ҳомиёни Ватан, вогузор намудаанд.

Аз ин рў, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар равона намоем. Мо фаъолияти худро тавре бояд ба роҳ монем, ки ҳамаи он амру супоришҳое, ки аз тарафи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта мешаванд, бо сари баланд иҷро намуда, ҷашнҳои  дарпешистодаро бо омодагии баланди ҷангӣ, интизомӣ намунавӣ ва дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Боварии комил дорам, ки афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан — Модар, Президенти кишвар ва миллату  давлат бо сарбаландӣ иҷро мекунанд.

Мусоҳиб

Шариф Ҳамдампур,

Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.