Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қазоқбоев: Даст кашидан аз даъвоҳои марзӣ – оғози роҳи ҳалли созиш

Ба гуфти вазири умури хориҷии Қирғизистон, дар бораи ҳалли масъала дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сухан гуфтан барвақт аст ва эҳтимол дорад, Русия ба ин музокирот ҷалб шавад.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев гуфт, бо вуҷуди талошҳои давомдор барои таъйини аломатгузории марз бо Тоҷикистон, дар бораи ҳалли ниҳоии мушкилот суҳбат кардан барвақт аст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Сарфи назар аз талошҳои давомдор барои аломатгузории хатти сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар бораи ҳалли ниҳоии муноқиша сухан гуфтан барвақт аст”, – гуфт вазири қирғиз.

Ба гуфти Қазоқбоев, як “пешрафт” метавонад қарори муштарак бо Тоҷикистон “дар бораи даст кашидан аз даъвоҳои ҳудудӣ ва оғози ҷустуҷӯи созиш” бошад.
Ҳамзамон Руслан Қазоқбоев таъкид кард, ки “Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамсоягони таърихӣ ва кишварҳое ҳастанд, ки халқҳояшонро фарҳанг, анъана ва мазҳаби муштарак мепайвандад”.

Бо назардошти чунин робитаҳои зич ва хоҳиши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ вазир гуфтааст, ки барои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.