Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қазоқистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус тадбирҳои қатъӣ меандешад

Мо шоҳиди рӯйдодҳои бесобиқа шудем. Ба назар чунин менамояд, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳаёти ҳамарӯза бо сабаби бӯҳрони саломатӣ, ки дар натиҷаи эпидемияи коронавирус (COVID-19) ба амал омадааст, ист кардааст. Пандемия ба таваққуфи фаъолияти бисёр соҳаҳо оварда расонд, чун паҳншавии вирус дар тамоми ҷаҳон идома дорад ва аллакай боиси марги бисёр одамон шудааст.

Қазоқистон дар мубориза бар зидди эпидемия мақоми фаъолонаро пеш гирифтааст — давлат хатарро дуруст ва саривақт арзёбӣ кард.

Аз оғози паҳншавии COVID-19 дар охири моҳи январ, Ҳукумати Қазоқистон вазъи глобалиро назорат карда, ба ҳама гуна мушкилоти эҳтимолии соҳаи тандурустӣ омодагӣ дид. Комиссияи махсуси ҳукумат оид ба мубориза бо эпидемияи нав пешакӣ нақшаи амалро барои ҳифзи шаҳрвандон таҳия намуд. Аз моҳи феврал сар карда, Қазоқистон сарҳади давлатиро бо кишварҳои алоҳидаи хориҷӣ, ки хатари эпидемияаш баланд аст, баст ва ба ҳамаи шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз сафар ба хориҷа худдорӣ кунанд.

Бо назардошти вазъияти номаълум ва пешгӯинашаванда дар ҷаҳон, Ҳукумати Қазоқистонро лозим омад, ки барои муҳофизати шаҳрвандони худ чораҳои нави пешгирикунанда андешад. Аз ин рӯ, 15 март Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар қаламрави ҷумҳурӣ вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард. Бо фармони худ Қ.Тоқаев барои воридшавӣ, инчунин баромадан аз қаламрави Қазоқистон барои ҳама ашхос, ба истиснои дипломатҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо даъвати Ҳукумат ва бо шартҳои муайян сафар мекунанд, маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст.

Ғайр аз он, тибқи фармон чораҳои карантинӣ  эълон гардидаанд,  ки фаъолияти марказҳои савдо ва фароғатро бозмедоранд. Кӯдакистонҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо бо тавсияи мутахассисони соҳаи тиб баста шуданд.

23 март Президент К.Тоқаев дар ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба вазъияти фавқулодда суханронӣ кард. Барои пешгирии мавҷи минбаъдаи сироятёбӣ, Президент чораҳои шадиди карантинро ҷорӣ кард. Ба туфайли татбиқи чораҳои қатъӣ, Президент хадамоти иловагии тиббиро дар кишвар муҳайё сохт ва ҳамин тариқ  таҳдидро ба саломатии шаҳрвандоне, ки аз оқибатҳои манфии ин беморӣ осебпазиранд, коҳиш дод.

Айни замон, Қазоқистон, сарфи назар аз сарҳади тӯлонӣ бо Чин, ки дар он ҷо аввалин ҳолатҳои беморӣ пайдо шуда буданд, ба оқибатҳои манфии сироят камтар дучор шудааст. Дар асл, вақте ки Ҳукумат ҷорӣ намудани ҳолати фавқулоддаро эълон кард, дар Қазоқистон ҳамагӣ якчанд ҳодисаҳои тасдиқшудаи COVID-19 мавҷуд буданд. Аммо, тавре ки таҷрибаи дигар кишварҳо нишон дод, сарфи назар аз шумораи ками мубталоён, зарур буд, ки тадбирҳои ҷиддии пешгирикунанда андешида шаванд.

 Худписандю худдонамӣ барои ҳукумати Қазоқистон илоҷи воқеа набуд. Барои пешгирии паҳншавии оммавии вирус ва ҳифзи зиндагиву саломатии шаҳрвандон, бидуни интизории паҳншавии вирус дар миқёси бузург бояд чораҳо андешида шаванд.

Ҳангоми омодагӣ ба бӯҳрон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Вазорати тандурустии Қазоқистон дастур дод, ки омодагии муассисаҳо ва таҷҳизоти тиббиро бо назардошти оқибатҳои радикалии пандемия назорат баранд.

Чунин амалҳо омодагии хадамоти тиббии Қазоқистонро дар ҳама гуна ҳолатҳо бояд таъмин менамуданд.

Мутаассифона, тавре ки интизор будем, дар ду шаҳри калонтарини Қазоқистон — дар пойтахт – шаҳри  Нур-Султон ва шаҳри  сераҳолитарин — Алматӣ шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироят афзоиш ёфт. Бо ин сабаб, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон К.Тоқаев тадбирҳои қатъӣ андешида, аз 22 марти соли равон ин ду шаҳрро бо карантин фаро гирифт.

Дар баробари маҳдудияти ҳаракати одамон ва мошинҳо, мақомот шумораи нақлиёти ҷамъиятиро дар роҳҳо кам карданд, ба хадамоти хӯроки умумӣ дастур доданд, ки ба хадамоти таҳвил гузаранд. Ҳадафи ин чорабиниҳо пешгирии паҳншавии ин беморӣ дар манотиқи дигари кишвар ва ба ин сурат наҷот додани ҳаёт ва пешгирии бӯҳрони саломатӣ мебошад.

Бо риояи қоидаҳои инзивои ҷисмонӣ дар ин ду шаҳр, Сарвари давлат нисбати вайронкунандагони шартҳои карантин чораҳои муайян, дар ин сурат ҷарима, эълон кард.

Ҳукумат ба амният ва саломатии шаҳрвандонаш таваҷҷӯҳи махсус медиҳад. Дар чунин вазъияти фавқулодда набояд ба ҷинояткорон имкон дод, ки аз бӯҳрон истифода баранд.

Аз ин рӯ, 23 март Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон К.Тоқаев сафарбаркунии тамоми полиси кишваррро эълон кард. Илова ба афзоиши ҳузури полис, Президент аз сокинон даъват ба амал овард, ки барои муҳофизати шахсони таҳти хатар қарордошта, ҳамкорӣ кунанд.

Дар чунин ҳолат, хавфе вуҷуд дорад, ки баъзе қишрҳои ҷомеа нисбат ба дигарон бештар зарар мебинанд. Оилаҳое, ки сарчашмаи даромади худро аз даст додаанд ва дорои «болишти амниятии» иқтисодӣ нестанд, бештар ба хатар дучор мешаванд, ки ин нуктаро Президент дар суханронии худ, дар ҷаласаи Комиссияи давлатӣ қайд кард. Тибқи натиҷаҳо, илова ба манъи қаблан қабулшудаи ҷаримаҳо барои пардохтҳои батаъхирафтода, пардохти маблағи асосӣ ва фоизи тамоми қарзҳо ба аҳолии  аз бӯҳрон зарардида боздошта шуд. Ғайр аз он, оилаҳои калон, шаҳрвандони дорои маълулият ва дигар қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ маҳсулоти бепул мегиранд, ки асосан аз молҳои ватанӣ иборатанд.

Инчунин Президент Тоқаев мониторинги минтақавиро оид ба ҳаҷм ва дастрасии молҳои иҷтимоӣ, бо мақсади ҳифзи аҳолӣ аз болоравии нархҳо эълон кард. Ҳокимон (роҳбарони минтақаҳо) ҷараёни байниминтақавии чунин молҳоро бо мақсади рафъи норасогиҳои маҳаллӣ ва пешгирии хариду фурӯши молҳои зарурӣ ҳамоҳанг мекунанд.

Ҳукумати Қазоқистон инчунин барои дастгирии бахши молиявӣ чораҳои мушаххас андешидааст.

Тибқи қарори Президенти Қазоқистон, давлат бе назардошти имтиёзҳои мавҷудаи андоз ва дастгирӣ дар маҳалҳо, барои чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ дар саросари кишвар 10 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. 740 миллион доллари он ба чораҳои афзоиши сатҳи шуғл равона карда мешавад.

Духтурон, кормандони полис ва мутахассисони дигар, ки дар мубориза бар зидди коронавирус дар сафи аввал қарор доранд, инчунин одамоне, ки дар натиҷаи бӯҳрон даромадҳои худро аз даст додаанд, дар ҳаҷми як маоши моҳона пардохтҳои подошӣ мегиранд. Бо мақсади дастгирии корхонаҳо, Сарвари давлат тасмим гирифт, ки пардохтҳои СХМ оид ба додани қарзи бонкиро дар давраи вазъияти фавқулодда мавқуф карда, ҳамчунин пардохти ҳама намуди андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба мӯҳлати то се моҳ ба таъхир гузорад.

Дар баромади худ 23 март К.Тоқаев зарурати дастгирии соҳибкориро дар мубориза барои тавозуни иқтисодӣ таъкид кард. Чораҳои нав барои коҳиш додани сарбории молиявӣ ба тиҷорат эълом карда шуданд. Ин ба мӯҳлатҳои тӯлонии андозбандӣ ва рафъи санҷишҳои репрессивӣ оварда мерасонад. Чунин коҳиш бояд ба корхонаҳо имконият диҳад, ки қарорҳои самаранок қабул кунанд ва барои фаъолияти тиҷоратиашон масъул бошанд. Ғайр аз он, Сарвари давлат эълон кард, ки барои додани қарз ба сармояи молгардиши соҳибкории хурду миёна дар ҳаҷми 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон аз сабаби набудани иртиботи мустақим ва иттилооти дуруст аз ҷониби ҳукуматҳо, таҳлукаи оммавӣ рух додааст. Барои муҳофизат кардани шаҳрвандони Қазоқистон аз ин  гуна хатар ва оқибатҳои манфии овозаҳо, Президент ба Вазорати иттилоот ва рушди ҷомеа супориш дод, ки барои сокинон брифингҳои ҳаррӯза баргузор кунад. Бо мақсади густариши иттилоот, сомонаи интернетии coronavirus2020.kz таъсис дода шуд, ки дар он ҳама иттилои рӯзмарра ва боэътимод оид ба ҷараёни муборизаи Ҳукумат бар зидди паҳншавии вирус нашр карда мешавад.

Мо бояд ба воқеияти нав одат кунем, ки мумкин аст чандин ҳафтаҳои минбаъда идома ёбад.

Ин ҳама кори осон нест, аммо ба туфайли ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ ҳам дар сатҳи инфиродӣ ва ҳам давлатӣ, Қазоқистон барои рафъи бӯҳрон хуб омода аст. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон К.Тоқаев дар ин ҳафта гуфт, «агар ҳар яки мо рисолати худро бо масъулият иҷро намоем, ман боварӣ дорам, ки мо аз ин вазъи мураккаб зуд раҳо хоҳем шуд.»

Ҳамин тавр, ҳатто аз нигоҳи ҷуғрофӣ ба нуқтаҳои калони коронавирус дар Авруосиё наздик қарор гирифта, амали саривақтӣ ва фаъоли Ҳукумати Қазоқистон боиси шумораи нисбатан ками шаҳрвандони сироятшуда ва назорати пурра бар эпидемияи COVID-19 гардид.

Қазоқистон ҳамеша барои ҳамкории бештари минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саъй мекард. Пандемия зарурати таъҷилии кори муштараки байни давлатҳоро ошкор кард. Мо умедворем, ки ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон дар мубориза бар зидди пандемия зич ҳамкорӣ хоҳанд кард ва пас аз рафъи бӯҳрон, барои ҳалли мушкилоти дигари ҷаҳонӣ якҷоя кори муштаракро давом  хоҳанд дод. Шояд, ин  амал дар ин замони душвор ба як нуқтаи истиноди мусбӣ табдил ёбад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.