Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳафт амрикоии мусаллаҳ чаро мехостан ба Афғонистон ворид шаванд?

Ҳафт шаҳрванди мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида дар Иморати Муттаҳидаи Араб ҳангоми кӯшиши вуруд ба Афғонистон боздошт шуданд, хабар медиҳад Newsweek.

Амрикоиҳои мусаллаҳ бо як ҳавопаймои хусусӣ ба Фурудгоҳи Байналмилалии Дубай омаданд. Дар ин бора Rambler хабар медиҳад.

Тибқи иттилои полиси Амороти Муттаҳидаи Араб, ки шаҳрвандони Амрикоро боздошт кардааст, онҳо ният доштанд барои онҳое, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, хадамоти нақлиёти хусусӣ расонанд. Полис инчунин қайд кард, ки боздоштшудагон нақшаи парвоз надоштанд. Амрикоиҳо бо пардохти гарав аз ҳабс озод карда шуданд.

Департаменти давлатӣ ва ФБР боздошти ҳафт шаҳрвандро эътироф карданд, аммо аз шарҳи амали афроди қаблан боздоштшуда худдорӣ карданд.

“Ҳангоме ки як шаҳрванди ИМА дар хориҷ боздошт мешавад, мо омодаем, ки ҳама хадамоти консулгарии заруриро пешкаш кунем. Ба хотири махфият будан, мо ҳоло шарҳи дигаре надорем”, – гуфт вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи вазъ.

Пештар Пентагон аз анҷоми хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон хабар дод. Дар ин бора Rambler хабар медиҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.