Ҳамсояҳо аз вазъи ноороми сарҳад гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазъияти ноороми Афғонистон аҳамияти хоса зоҳир карданд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ тафсилоти суҳбатро баён накардааст, аммо ин гуфтугӯ дар ҳоле баргузор шудааст, ки 23 август ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои узви СААД баргузор мешавад, ки Ӯзбекистон шомили он нест.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар шакли видеоконфронс, вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон, инчунин вокуниши муштараки муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *