Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷо Байден: Тоҷикон рубл нею доллар гиранд…

Мусоҳибаи солинавӣ бо Президенти тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден

…Вақте ки ин даъватномаро гирифтам, гумон кардам, ки як ҳазли солинавӣ аст, зеро то ҳол дар арафаи Соли нав танҳо аз роҳбароне, ки дар сари қудрат буданд (Путин, Си Ҷин Пин, Мирзиёев, Трамп ва ғайра) даъватнома гирифта, мусоҳиба кардаам.

Аммо ин бор даъватномаро аз нафаре мегирифтам, ки ҳарчанд дар интихобот ғалаба карда бошад ҳам, ҳанӯз зимоми ҳукуматдориро ба даст нагирифтааст. Ин нафар Президенти тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден буд.  Дар аҳди коронавирус  рӯ ба рӯ интервю гирифтан осон нест ва  ба саволи ман дар ин бора,  ки бо қатъи парвозҳо чӣ гуна ба Амрико меравам, нафари даъватномаро оварда, ки албатта корманди СРУ  будагист, гуфт: “Ин тарафаш проблемаи мо, шумо розӣ шавед шуд”. Кадом рӯзноманигор чунин даъватро рад мекунад? Зуд розӣ шудам ва дар рӯзи муқарраргардида маро ба Кобул бурданд, аз ҳамон ҷо рост бо тайёраи ҳарбии амрикоӣ  ба Вашингтон. Дар ин миён чӣ гуна ба Афғонистон  рафтему аз он ҷо парвоз намудем,  қиссаи дигар аст, ки шояд дар хотираҳоям нависам. Хулоса, вақте ба Вашингтон расидем, гуфтанд, ки пас аз парвози дурудароз бояд як шабонарўз истироҳат кунаму баъд ба ҳузури ҷаноби Байден ҳозир шавам. Ин ҷо дар бораи қасри берунишаҳрии Ҷо Байден қисса намекунам,  Амрико Амрико аст ва ҳама чиз ба дараҷаи олӣ…

Бо ин мӯйсафеди хеле чаққон рӯ ба рӯ шудаму  агар кушед ҳам бовар намекунам, ки ӯ 78 — сола аст. Ягон  панҷоҳ – панҷоҳу панҷсола мегӯед. Аввал дасташро дароз карда, ба сӯям омаду баъд гӯё чизе ба ёдаш расида бошад, зуд онро қафо кашида гуфт:

-Таҷрибаи талхи Трамп имкон намедиҳад, ки ба ту даст диҳам. Ҳанӯз аз ёдам дастфишории Президенти шумо ва Трамп  нарафтааст. Ту ҳам гражданини ҳамон давлатӣ. Мабодо…

Ҳарчанд дасти ман дасти Президентамон барин  пурқувват нест, аммо дар он лаҳзаҳо ба шарофати дастфишории машҳуршудаи Президентамон , ки чанд сол қабл рух дода буд, худро хеле бардам ҳис кардам. Биёед беҳтараш бевосита аз суҳбат бо Президент Байден оғоз кунем.

-Салом акаи Ҷо. Дар мо касеро эҳтиром кунанд, “ака” мегӯянд.  Ба ман, пеш аз ҳама, аҷиб аст, ки чаро маҳз намояндаи “Тоҷикистон”-ро ва он ҳам то оғоз намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ ба суҳбат даъват намудед?

-Чӣ ман аз Трамп кам — мӣ? Бо вай суҳбат кардӣ, машҳури ҷаҳон шуд. Ман ӯро яку нол задам, магар лоиқи “Тоҷикистон” нестам? 

— Яку нол не, базӯр  ғалаба кардед, вале то ҳол Трамп Қасри Сафедро холӣ кардан намехоҳад. Гузашта аз ин, суду судбозӣ карда гаштааст… Ҳатто Путини ҳамадон шуморо пас аз якуним моҳ  бо ғалабаатон табрик кард…

-Путин камтар ҳасад мебарад, аммо Трамп  сад судбозӣ кунад ҳам, ғалаба аз ман аст…

— Аллакай бори сеюм аст, ки номзадиатонро мегузоред ва инак шумо дар синни 78 — солагӣ Президент шудед, бори аввал мехостед  дар 29 — солагӣ  шавед. Сабаб чист, ки чунин дер кардед?

-Дер кардам? Не,мардуми шумо зарбулмасали хубе дорад: “Ҳадиси мардон то се  бор…”  Бори сеюм номзадиамро гузоштаму  ғолиб омадам. Дар синни ҳафтоду ҳаштод мард нав ақлаш медарояд …

-…ва аз кардаҳояш пушаймон мешавад. Мӯйсафедони мо дар ин синну сол кунҷи масҷидро иҷора мегиранду тавба мекунанд ва ё ҳаҷ мераванду Ҳоҷӣ Бозорбой мешаванд. Магар Президент шудани шумо боз як  зарбулмасали дигари моро ба хотиратон намеорад, ки мегӯянд: “ба пир  хартозӣ намезебад” ?

-Мезебад, чунон мезебад, ки…Агар хари бақувват дошта бошӣ…

-Ҳа, гуфтагӣ барин занатон ба Қасри Сафед омаданро намехостааст? Ин гап рост — мӣ?

-Ҷилли андаке гарданшахиҳо дорад. Мисли ҳамаи муаллимаҳо. Лекин ӯро коре карда, ба қасре, ки якумр орзуяшро доштам, ҳатман меорам. Охир наскиҳои маро кӣ мешўяд?

-Чаро ҷӯраатон Трамп аз қаср рафтан намехоҳад? Одатан ва мувофиқи анъанаи амрикоӣ ӯ бояд қабл аз инагуратсияи шумо  он ҷоро бо аҳли оилааш тарк кунад…

-Вай ҷӯраи ман нест, ҷӯраи  Путин аст. Бо кумаки ҳамон Президент шуда буд.Тармп аз асп фаромада бошад ҳам, аз узангу алҳол фаромаданӣ нест. Ба фикрам, ин кори Иванкаи духтараш аст. Намехоҳад, ки ҷои асбобҳои ороишии худро дигар кунад.

-Трамп коронавирус шуд, аммо ин беморӣ шуморо дар канор гузошт. Сабабаш чист?

-Эҳее,Трампро бину маро бин. Ӯ хӯрда хоб мекунаду ман машқ мекунам… Мегӯянд,ки ин беморӣ бештар ба калонсолон мечаспад. Пас, ин бори дигар исбот мекунад, ки ман  ҳанӯз хеле ҷавонам…

-Трамп…

-Фақат Трамп — мӣ, ягон саволи дигар деҳ, ки ба Байден ҳам иртибот  дошта бошад …

-Майлаш, ҷаноби Байден, аммо дар бораи шумо пас аз 20 январ (рӯзи инагуратсия) сухан мегӯем.  Ҳоло,  агар рафту  Трамп аз Қасри Сафед наравад, чӣ кор мекунед?

-Инашро аз судҳо пурс. Онҳо бояд ҷои маро холӣ кунанд. Вагарна…

-Вагарна чӣ? Ҷанги шаҳрвандӣ мешавад?

-Дар Амрико ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро Путин орзу мекунаду ҳар рӯз дар ВАО-и худ менависад, ҳанӯз зиёда аз дусад сол пеш хотима ёфта буд ва ҳаргиз такрор намешавад. Барои ҳамин Амрико Амрико шуду пеш рафт…

-Ҷаноби Байден, мабодо бо Президенти мо вохӯред, аз ӯ чӣ мехостед?

-Мабодо не, ҳатман вомехӯрам ва мехостам, ки дастамро эҳтиёт кунам, кӯшиш мекунам, ки ӯро ба оғӯш гирам, аммо дастфишорӣ накунам. Зеро  шикастҳои Трамп маҳз аз ҳамон ҷо сар шуда буд, ки бозиро ба ман бой дод. Гумон карда буд, ки зӯраш ба ҳамаи президентҳо мерасад, аммо намедонист, ки аз ӯ зӯртарҳо ҳам ҳастанд.

-Шумо дар таърихи Амрико президенти ҳоло аз ҳама…

— Фаҳмидам, пиртарин гуфтан мехоҳӣ ? Раҳмат… Яъне агар то охири муҳлати президентӣ ягон кору ҳоле шавад гуфтанӣ…

-Не, не ҷаноби Президент, ман гуфтанӣ, ки Амрико бесоҳиб намонад…

-Намемонад, соҳиби Амрико “дядя Сем”аст, ки шумо доим карикатура мекунед. Аммо президенти Зимбабаве Роберт Мугаби 93 сола буд ку… Ҳоло 15 соли дигар даркор, ки ман ба синни вай расам…

-Дурусту…

-Дуруст-пурустро мону ин ҷо биё. Медонам, ки оши палавро дӯст медорӣ ва бо Мирзиёев якҷоя пухта будӣ, ҳарчанд баъд онро ӯзбекҳо дар ЮНЕСКО ба номи худ сабт карданд, аммо ин ош ошатон шавад,ки аз шумост. Ман ин масъаларо бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ мебардорам ва адолати таърихиро барқарор месозам…

Пас аз он, ки оши солинавии акаи  Ҷоро хурдам, хостам ба пазандааш аҳсан гуям, зеро ош  оши 1х1 не, балки намедонам 10х1 буд ва ё шояд зиёдтар… Пазандааш хонум Ҷилли ва ёрдамчиаш духтарашон Эшли будаанд. Сари дастурхон Ҷо Байден орзуи солинавии худро ба ҳамаи тоҷикон расонида гуфт:

— Роҳатон ба Амрико боз шаваду ин ҷо омада кор кунед ва  рубл нею доллар гиред…

Мусоҳиб:А. АҲМАДЗОДА,

ошхўраки доимии  “Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Холикназарчонбойшох 04.01.2021 10:41

    Ака, яъне хурмат кардан гуфтед, вале чаноби мусохиб фаромуш кардед, ки Амрикоро точике бо номи Амир нахустин маротиба ихтироъ буд. Вакте Амир хама укёнусхоро бо қайиқ гузашта он минтакаро кашф кард, дар аввалхо ин давлатро «Амир ака» мегуфтанд ва рафта рафта ба талаффузи мардуми хамон минтака хос намуда онро Америка эълон карданд. Мисли шахрхои Чорҷӯ, ки Чаржев, Марве, ки Мерв шуд. Так что кафшкунандаи Амрико точик аст, ки Амирака ном дошт. Шумо агар хамин саволро медодед, визаро барои точикон бекор мекард.

  2. Одам 06.01.2021 02:15

    Ахсан, аз ин бармеояд, ки Шумо арзанда ва хамсухбати хубеду бе парда ва хушомат гапзада маколахо менависед, Муаррифигари Точикистону Точикон!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.