Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ӯзбекистон шаҳрвандонашро аз хориҷа бармегардонад

Интизор меравад, ки Ӯзбекистон 11 000 шаҳрванди худро аз Россия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва кишварҳои дигар, ки ба мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд, ба Ватан баргардонад.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон дар як ҷаласаи ҳафтаи равон баён доштааст.

«Шумо огаҳӣ доред, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар бештари кишварҳо дармондаанд. Бо даст додани имконият мо бояд онҳоро баргардонем. Мо аллакай ин равандро оғоз кардем. Тасмим дорем, ҳамватанони худро аз Россия, АМА, Туркия ва кишварҳои дигар биорем. 11 ҳазор шаҳрванди мо ба мушкил дучор шудаанд. Мо барои баргардонидани онҳо чора хоҳем андешид”, -иброз доштааст Мирзиёев.

Ба таъқиди Президенти Ӯзбекистон, ҳангоми баргардонидани шаҳрвандон бояд аз эҳтиёт кор гирифт. Зеро бештари онҳое, ки ба Ватан оварда шуданд, беморӣ доштанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.