Қазоқистон ба Тоҷикистон аслиҳа кумак мекунад

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтааст, ки кӯмаки Қазоқистон дар дойираи ҳамкориҳои низомии ду кишвар сурат мегирад.

“Созишнома дар бораи кӯмаки низомӣ воқеан имзо шуда, аммо то ба ҳол дар амал татбиқ нашудааст ва мо ин кӯмакро ба даст наовардаем. Ин кӯмак ба хотири пурзӯр кардани марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Афғонистон аст”, — гуфт Фаридун Маҳмадалиев ба Sputnik Тоҷикистон.

Қаблан вазорати дифоъи Қазоқистон пешнависи қонуни ироаи кумакҳои фанниву низомии билоиваз ба Тоҷикистонро барои баррасии умумӣ дар сомонае ба номи “Ҳуҷҷатҳо бози меъёрии ҳуқуқӣ” то 17 июн мунташир кард.

Бино ба он, Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи кӯмаки билоивази фанниву низомӣ 17 апрели соли 2021 аз сӯи сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин ба имзо расидааст.

Ин кӯмаки якдафъина ва билоивази таҷҳизоти низомӣ буда, Қазоқистон қасд дорад 3 миллиону 240 дона патрони тирдори навъи ПС – и 5.45-милиметра, 20 ҳазору 76 адад патрони 23-милиметртра ва 10 ҳазор адад акси хумпора (миномёт)-и 82-милиметраро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.

Бино ба матни ин созишнома, Қазоқистон таҷҳизоти низомиро аз истгоҳи “Отар”-и вилояти Ҷамбул ба истгоҳи «Роҳатӣ» –и шаҳри Душанбе аз тариқи роҳ оҳан таҳвил медиҳад, ҷое, ки намояндагони таъйиншудаи мақомоти масъули ҷонибҳо онҳоро таслим ва қабул мекунанд.

«Муҳимоти мунтақилаванда истифода намешавад ва ба миқдори зиёд захира мешавад, бинобарин, будҷае барои таҷдиди он зарур нест. Ин тарҳ ба ҳазинаҳои молии изофӣ аз будҷаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ниёз надорад», — омадааст дар шарҳе, ки мақомоти Қазоқистон далели интиқол таҷҳизотро овардаанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо харҷу санадсозиҳои гумрукиро дар қаламрави кишварҳои худ ба зимма доранд ва Тоҷикистон наметавонад ин мулкияти низомиро ба тарафи сеюм диҳад ё ҳаққи истифодаи онро ба ҷониби сеюм вогузор кунад.

Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон аз 16 декабри соли 1992 ба ин сӯ амал мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *