Ҳамла ба мошини СММ дар Кобул

Дар шаҳри Кобули Афғонистон дар натиҷаи ҳамла ба мошини Созмони Милали Муттаҳид як шаҳрванди хориҷӣ кушта шудааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 24 ноябр хабар дод, ки панҷ тани дигар дар он ҳамла маҷруҳ шудаанд.

То кунун масъулияти ин ҳамларо касе ба душ нагирифтааст, аммо дар гузашта масъулияти аксари ҳамлаҳои ҳамсонро ҷангҷӯёни ҳаракати мамнуъи «Толибон» ва гуруҳи тундгарои «Давлати исломӣ» ба душ гирифта буданд.

Дар ноҳияи Каҷрони вилояти Дайкундии Афғонистон ҳадди ақал ҳашт низомӣ дар натиҷаи ҳамлаи толибон кушта шуд. Анвар Раҳимӣ, раиси вилояти Дайкундӣ гуфт, ки дар ин ҳамла чаҳор низомии дигар маҷруҳ шудааст. Ба гуфтаи вай, дар бархӯрди рӯзи 24 ноябр на камтар аз 20 ҷангҷӯ кушта шудааст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, намояндаи «Толибон» масъулияти ҳамлаи рӯзи 24 ноябри вилояти Дайкундиро ба зимма гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *